Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 February 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №17-1 аз 27.01.2016

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ - кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он»  

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ - кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Дар роҳи автомобилгарди иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ - кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он», бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ аз 26 феврали соли 2016 то 25 декабри соли 2016 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда шаванд.

2.           Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Алиев А.А.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе                  (Мирзомуродов Р.Т.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе (Камолов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ - кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он» мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.           Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал - Сервис», вобаста ба тағйири ташкили ҳаракат дар роҳ, дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳ таъмин намоянд.

4.           Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки барои танзими мунтазами алоқаи нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти  зикргардида, барои бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ҷораҳо андешад.

5.           Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

6.            Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас  андешад. 

7.            Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.            Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

                                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ