Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 March 2016

7 марти соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе, худфаъолияти ҷамъиятӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили пешгирии пайвастаю пайгиронаи амалҳои коррупсионӣ ва бо ин мақсад дар ҳайати комиссияҳои марубтаи тендерӣ шомил намудани намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ, беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бурдани таваққуфу нигаҳдошти ғайриқонунию стихиявии сарироҳии нақлиётӣ, сарфакорона истифодабарии оби нӯшокӣ ва роҳ надодан ба истеъмоли ғайримақсадноки он, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо дар шаҳр, бахусус ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ дар ободонии роҳҳои пиёдагарду мошинрави дохили маҳаллаю шаҳракҳо, ороиши мавзӯии шаҳр ва мутобиқати шиору овезаҳо ба талаботи забони давлатӣ,  ғановати бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, татбиқи барномаҳои сабзкорию дарахтшинонӣ, беҳдошти вазъи экологию санитарии шаҳр, пурзӯр намудани назорати байторӣ оид ба пешгирӣ кардани нигоҳдорӣ ва парвариши чорво дар шаҳр, ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, иҷроиши нақшаҳои ҷамъоварии андоз ва истифодаи ҳадафмандонаи маблағҳои буҷетию моликияти коммуналӣ,  тақвияти чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба таъмини риояи танзими расму оин, пешгирӣ аз зиёдаравиҳо ва тамоюлҳои номатлуби ифротӣ, истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ, ғасби худсаронаи замин, вусъати татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр, инчунин пурзӯр намудани корҳои оммавию тарғиботӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа намуд.

Ҳамзамон, бо ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодоти манзурдоштаи иштирокчиёни ҷаласа, ки фарогири бахшҳои мухталифи хоҷагидории шаҳр буданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки зарфияти тамоми қишрҳои қобили меҳнати шаҳр баҳри боз ҳам самаранок роҳандозӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ташкилоту идораҳо ва ҳамчун бозгӯи талаботи вақт ба ободонии шаҳраку маҳаллаҳо сафарбар карда шаванд.

Раиси шаҳр дар ҷаласа фаъолони пойтахтро бо тақвими чорабиниҳои наврӯзии шаҳрдорӣ шинос намуда, ҳозиринро баҳри тақвияти омодагиҳо ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  раҳнамун сохт.

Дар фарҷом, Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати ибтикороти анъанавии шаҳрдорӣ оид ба қадргардонии 2461 занон – кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт, ки ҳар кадоми онҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр бо 700 сомонӣ дар арафаи Рӯзи модар ва Наврӯз мукофотонида шуданд, иттилоъ дода, тамоми иштирокдорони ҷаласа ва дар симои ҳар кадом занҳои ширкатдошта кулли бонувони шаҳрро бо самимият ба муносибати Рӯзи модар шодбош гуфта, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар роҳи эҳтиромгузорӣ ва садоқат ба зан ва Модар –Ватан беш аз пеш фаъолу мубориз бошанд.