Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 March 2016

28 марти соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид, ки дар он масоили мубрами хоҷагидории шаҳр матраҳ карда шуданд.  

Қабл аз ҳама, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо баррасии гузоришҳои таҳлилии Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо  нисбати хатсайрҳои ғайриқонунӣ амалкунанда ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии серанбӯҳи аҳолӣ изҳори нигаронӣ намуда, фаъолияти анҷомдодаи муовини соҳавии Раиси шаҳр, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт-хадамотрасон», Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда,  барои ислоҳи вазъ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда ба масъулин як моҳ муҳлат муқаррар сохт.

Дар ин зимн, Комиссияи доимии зикршудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки назорати қатъию мунсифонаи худро оиди ба танзим даровардани хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муттасил ба роҳ монда, ҷиҳати ислоҳи вазъ бо қабули қарорҳои дахлдор, моҳе як маротиба унвонии Раиси шаҳр маълумот манзур намояд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулини шаҳрдорӣ ва раисони ноҳияҳоро ба истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуда, дастур фармуд, ки баҳри пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти намозгузорон дар кулли масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи дар марзи шаҳр расман фаъолияткунанда, аз ҳисоби худи масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои метталӣ насб ва вуруди намозгузорон ба масҷидҳо дар ояндаи наздик тавассути ин дастгоҳҳо ба роҳ монда шаванд.

Ҳамзамон супориш дода шуд, ки чунин муқаррарот дар муассисаҳои тиббӣ ва маориф, тарабхонаҳо, марказҳои савдою маишии шаҳр ҷорӣ ва назорати фаъолияти доимии онҳоро аз ҷониби сохторҳои зидахл комилан таъмин намуда, бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва зарфиятҳои мавҷуда, баҳри зери мушоҳидаи маҷмӯӣ қарор додани фаъолияти камераҳои мазкур ва ташкили базаи ягонаи иттилотию назорати интерактивӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи махсус тарҳрезӣ  ва  мавриди амал қарор дода шавад.

Дар ҷаласа, инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини шаҳрдориро вазифадор кард, ки баҳри пешгирии пайвастаю пайгиронаи амалҳои коррупсионӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолият ва хизматрасонӣ чораҳои қатъӣ андешида, нисбати интизоми меҳнат ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар ин росто, ба раисони ноҳияҳо дастур гардид, ки нисбати вусъати корҳои азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо дар шаҳр, бахусус ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ дар ободонии роҳҳои пиёдагарду мошинрави дохили маҳаллаю шаҳракҳо, намои берунаи биноҳои истиқоматӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ тадбирҳои судманди оммавиро роҳандозӣ намуда, иҷроиши барномаи насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо таъмин созанд.