Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 103  аз 7.04.2016

Дар бораи  “Ҳафтаи  технология, инноватсия

ва ихтироъкории наврасону ҷавонони

шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи пойтахт

 

Муроҷиати Раёсати маорифи шаҳри Душанбе №282/11 аз 04 апрели соли 2016 оид ба муносибати Рӯзи пойтахт, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҶикистон баргузор намудани “Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе”-ро баррасӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилоотии интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкориву навоварии  наврасону ҷавонон дар ин самт ва  бо инобати идомаи “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон гардидани соли 2016 дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1. Ба муносибати Рӯзи пойтахт аз 11 то 16 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе “Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” эълон карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи “Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” тасдиқ ва  мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

3. Раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе  ва дигар сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии “Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе” бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани “Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” тадбирҳои амалӣ андешанд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

                                                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ