Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2016

Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 98  аз 1 апрели соли 2016

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти

Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2.     Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе  гузошта шавад. 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ