Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2016

 Қарори раиси шаҲри Душанбе № 114 аз  7 апрели соли 2016

 

Дар бораи таъсиси Дирексия оид ба ташкил ва

баргузории намоиши театришуда бахшида

ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди муосири бадеӣ ва ташкилӣ таҷлил намудани намоиши театришуда бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.  Дирексия оид ба ташкил ва баргузории Намоиши театришуда бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳайати зерин: директори генералӣ, муовинони директори генералӣ оид ба корҳои эҷодӣ ва корҳои молиявӣ, директори техникӣ, роҳбари бадеӣ, роҳбари мусиқӣ, сарбалетмейстер ва  саррассом таъсис дода шавад.

2.  Муқаррар карда шавад, ки директори генералии Дирексия  оид ба ташкил ва баргузории намоиши театришуда бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, иттиҳодияю ташкилотҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» дар шаҳри Душанбе  таъмин  менамояд.

3.   Бо мақсади таъмини шаффофиат ва интихоби мутахассисони беҳтарини дорои таҷрибаи роҳбарию тахассусии сатҳи муосирдошта барои ишғоли вазифаҳои дар банди якуми ҳамин Қарор зикршуда байни шахсони воқеии ватанию хориҷӣ озмуни кушод аз  13 то 27  апрели  соли 2016 эълон  ва шартҳою ҳайати ҳакамони он тибқи замимаҳои № 1 ва № 2 тасдиқ карда шаванд.

4.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.   

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

              Замимаи №2

ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                                              № 114 аз  7   апрели  соли 2016

Ҳ А Й А Т И

 ҳакамони озмун оид ба интихоби директори генералӣ, муовинони директори генералӣ оид ба корҳои эҷодӣ ва корҳои молиявӣ, директори техникӣ, роҳбари бадеӣ, роҳбари мусиқӣ, сарбалетмейстер ва  саррассоми намоиши театришуда бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

1.      

Низом Қосим

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (дар мувофиқа)

2.      

Олимов Кароматулло

Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)

3.      

Асрорӣ Мирзошоҳрух

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

(дар мувофиқа)

4.      

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон

5.      

Меҳмон Бахтӣ

Шоири халқии Тоҷикистон

6.      

Абдуҳамид Самадов

Нависандаи халқии Тоҷикистон

7.      

Камол Насрулло

Шоири халқии Тоҷикистон

8.      

Муҳаммад Ғоиб

Шоири халқии Тоҷикистон

9.      

Низомов Аслиддин

доктори илмҳои санъатшиносӣ, композитор

 

 

Ш А Р Т Ҳ О И

  озмун оид ба интихоби директори генералӣ, муовинони директори генералӣ оид ба корҳои эҷодӣ ва корҳои молиявӣ, директори техникӣ, роҳбари бадеӣ, роҳбари мусиқӣ, сарбалетмейстер ва  саррассоми намоиши театришуда бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе