Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 April 2016

14 апрели соли 2016 дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рўзнома ба баррасии масъалаҳои ба он шомилгардида: 

·          Дар бораи пешбарӣ намудани номад ба аъзогии  Маҷлиси милили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4

·         Дар бораи рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №125-19 аз 27 феврали соли 2015 «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»

·         Дар бораи номивазкунии кӯчаи Шаумяни шаҳри Душанбе

·        Дар бораи номивазкунии кӯчаи Томини шаҳриДушанбе

·        Дар бораи номивазкунии кӯчаи Шмидти шаҳриДушанбе

·        Дар бораи номивазкунии кӯчаи Глинкаи  шаҳриДушанбе

·        Дар бораи номивазкунии кӯчаи Добролюбови  шаҳри Душанбе

·        Дар  бораи пеш аз мулат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14

·       Дар  бораи  ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳриДушанбе, шуруъ намуданд.

          Зимни  баррасии  масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия барои пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии  Маҷлиси милили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №4-и шаҳри Душанбе номзадии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ пешбарӣ карда шуд. Сипас, баъд аз музокираҳо тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пўшида аз ҷониби вакилон бо ҷонибдории якдилона номзадии мавсуф ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ гардид.

Баъди баррасии масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия- иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум кори худро дар толори  КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки васеи аҳлиҷамоатчигӣ идома дод.

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шўроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, намояндагони васоити  ахбори омма ва фаъолони гуруҳи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ширкат варзиданд.

Дар иҷлосия зимни баррасии масъалаи дуюми рӯзнома бо инобати ҳисоботҳои манзуршудаи масъулин оид  ба  рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе   «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе», вакилон раванди корҳои омодагӣ ба ин санаи муҳими таърихиро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Бо инобати дар сатҳи арзанда истиқбол намудани таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосия аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар карда шуд, ки минбаъд шуруъ аз 20 апрел то 31 августи  соли 2016 раванди  иҷрои Қарори мазкур бо тавсеа додани нақшаи чорабиниҳои фарогир ҳ