«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 April 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 106 аз  07.04.2016

Дар бораи ба тавозуни Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гузаронидани мактабҳои варзишии махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Душанбе

 

Бо максади нигоҳдошту истифодаи самараноки иншоотҳои варзишии оммавии мансуб ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани объектҳои давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.  Барои қабул ва супоридани бино ва воситаҳои асосии мактабҳои варзишии махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ба тавозуни Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе комиссия дар ҳайати зерин:

-Мақсудзода Ш.

-муовини Раиси шаҳри Душанбе, раиси      комиссия;

-Лангариева Ҷ.С.

-муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини раиси комиссия;

Аъзои Комиссия:

-Одинаев Ҷ.Т.

-сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

-Муродов В.Қ.       

-сардори Сарраёсати Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар    шаҳри Душанбе;

-Маҳмудов С.    

-директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул»-и шаҳри Душанбе;

-Қурбонов Д.М. 

-сардори шуъбаи Хадамоти зидди-инҳисории назди Ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

-Кенҷаев Д.М.                       

-сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе;

-Воҳидов А.А.    

-сардори Раёсати Кумитаи андози назди Ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

-Саймуддинов А.С.

-сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии шаҳри Душанбе;

-Камолов  Р.Ш.    

-директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои  варзишии оммавӣ»-и  Мақомоти иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе,

     

таъсис ва вазифадор карда шавад, ки супоридани  бино ва воситаҳои асосии коммуналие, ки дар тавозуни мактабҳои варзишии махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Душанбе қарор доранд, мутобиқи рӯйхати замимагардида ба тавозуни Муассисаи зикршуда таъмин намоянд.

2.Директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Р.Камолов тибқи талаботи қонунгузорӣ барои ворид намудани тағйирот ба Оиннома, фонди оинномавӣ, рӯйхати бастҳои корӣ, фонди музди меҳнати кормандон, андозаи маоши моҳонаи роҳбарият ва Низомнома «Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони Муассиса» дар мувофиқа бо сохторҳои марбутаи соҳавии сатҳи ҷумҳуривию шаҳрӣ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди асоснок ирсол намояд.

    3.Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри  Душанбе мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ ва маълумотҳои бақайдгирӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

     4.Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Р.Камолов) дар  мувофиқа бо шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Курбонов Д.М.) нархномаи хизматрасонии машғулиятҳои варзишии иловагии пулакӣ дар тамоми  иншоотҳоро мувофиқа намуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод  намояд.

      5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

      6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

      7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони  Раиси  шаҳри  Душанбе Лангариева Ҷ.С. ва Мақсудзода Ш.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Номгӯи

 

Мактабҳои варзишии махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Душанбе