Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2016

 

Қ А Р О Р И РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №131 аз 20.04.2016

 

         Дар бораи баргузории Фестивал – намоишгоҳи чоруми         

         автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе»

 

         Муроҷиати Ташкилоти ҷамъиятии Клуби дӯстдорони  автомобилҳо ва мототсиклҳои нодир ва эксклюзивии Тоҷикистон «Авто ретро эксклюзив» №40-61 аз 28-уми январи соли 2016 оид ба гузаронидани Фестивал-намоишгоҳи чоруми автомобилҳои кол-лексионӣ дар  ҳудуди Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро баррасӣ намуда мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. 24 апрели соли 2016, аз соати 1000 то 1700, гузаронидани Фестивал намоишгоҳи чоруми автомобилҳои коллексионӣ дар ҳудуди Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе иҷозат дода шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.) ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани фестивал – намоишгоҳи мазкур таъмин намояд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси иҷрои Қарори мазкурро тавассути ахбори омма ба роҳ монад.

4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ