Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 October 2010

23 октябри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки дар тӯли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт.

Дар асоси муроҷиати  қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайдгирифташуда буданд, 63 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.

Дар маҷмӯъ мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи  баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои тиббию молиявӣ  ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуд.

Аз теъдоди пазируфташудагон  15 нафар сокинони шаҳр аз номи 71 нафар муштариён - саҳмгузорони сохтмони манзилҳои истиқоматии ҶДММ “Мовароуннаҳр”, ки бо гузашти мӯҳлати шартномавӣ  хонаҳояшонро соҳиб нашудаанд, бо аризаи дастаҷамъона барои кӯмак ба ҳалли мушкилоти ҷойдоштаашон ҳузур доштанд.

Дар робита ба ин бо дарназардошти иҷтимоият ва баҳси судӣ  будани масъалаи мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе аризаи дастаҷамъона  ба баррасии прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд ва дар ин зимн таъкид гардид, ҷараёни пажӯҳиши масъала зери назорати шахсии Раиси шаҳр қарор гирифта, ба такрор шудани  ҳолате ба минволи  “мӯҳрабизнес” дар миқёси пойтахт роҳ дода намешавад.