«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 147 аз 13.05. соли 2016

 

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутри 250 мм, воқеъ дар кӯчаи Бохтар

 

         Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №1/161 аз 6 майи соли 2016 - ро баррасӣ намуда, бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №422 аз 22 сентябри соли 2015 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии кӯчаи Бохтар (аз кӯчаи Ш.Шоҳтемур то кӯчаи М.Миршакар)», ҷиҳати пайваст намудани қубури қутри 250 мм ба қубури амалкунанда дар кӯчаи Бохтар, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба муваққатан аз соати 800 рӯзи 18 то соати 800 рӯзи 19 майи соли 2016 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури  қутри 250 мм, воқеъ дар кӯчаи Бохтар, тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубури қутри 250 мм ба қубури амалкунанда, воқеъ дар кӯчаи Бохтар, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла кӯчаҳои Бохтар, М.Миршакар, биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чойхонаи «Роҳат» қатъ мегардад.

3. Аз сокинони кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

 4. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р.  гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

оиди муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутри 250 мм дар кӯчаи Бохтар бо мақсади пайваст намудани қубури ивазгардида ба қубурҳои амалкунанда.

 

Номгӯи чорабиниҳо

Вақти иҷроиш

Мутассадӣ

1.

Эълон барои огоҳонидани аҳолӣ ба воситаи радио ва телевизион, барои зарурияти захира намудани оби нӯшокӣ ба муддати як шабонарӯз

як шабонарӯз қабл аз оғози корҳо

МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 

2.

Боздоштани интоқоли об дар  қубури қутри 250мм дар кӯчаи Бохтар

аз соати 8-00 то 12-00  рӯзи 18 майи  соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»

3.

Буридани ҷои пайвастшавии қубурҳо

аз соати 12-00 то 17-00  рӯзи 18 майи соли 2016

КВД «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

4.

Пайвасти қубури нав ба қубурҳои амалкунанда

аз соати 17-00 рӯзи 18  май  то  соати    06-00 рӯзи 19 майи   соли 2016

КВД «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

6.

Ба кор даровардани қубури қутри 250мм дар кӯчаи Бохтар ва бо об таъмин намудани истифодабарандагон

аз соати 06-00 то 08-00 рӯзи 19 майи соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»