Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 May 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 130-1 аз 19.04.2016

 Дар бораи эълони озмуни кушод барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он

 

Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини рақобати солим дар бунёди иншоотҳо ва интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

     1.Аз 23 май то 23 июли соли 2016 байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию  хориҷӣ оид ба пешниҳоди беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он озмуни кушод эълон,  ҳайати комиссия, шартҳои озмун ва консепсияи бунёди иншооти мазкур  тибқи замимаҳои №№ 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд ва зимна аз комиссияи озмунӣ хоҳиш карда шавад, ки натиҷаи озмунро то 30 июли соли 2016 ҷамъбаст ва ғолиби озмунро бо тартиби муқаррарнамуда муайян созад.

      2.Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгари иншооти мазкур бо тартиби муқарраргардида ба иштироккунандагони озмуни кушод нусхаи акси топографии маҳалро пешниҳод намуда, пас аз ҷамъбасти озмун натиҷаи корҳои тадқиқотию геологии маҳалро дастрас ва дар якҷоягӣ бо ғолиби озмун ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»-ро бо азнавсозии он таҳия намуда, аз ташхиси Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравӣ  оид ба лоиҳаҳои  сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

    3.Аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи меъморони Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳакашони ватанию хориҷӣ мусоидат намоянд.      4. Аз мақомоту сохторҳои марбута, олимон, меъморону лоиҳакашон, иттифоқҳои касбӣ, васоити ахбори омма, аҳли ҷамоатчигӣ ва шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда шавад, ки  таклифу пешниҳодҳои худро роҷеъ ба лоиҳаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар боғи зикршуда бо азнавсозии он унвонии Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ирсол намоянд.

    5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) баъди баргузории озмун ва муайян шудани ғолиб тибқи муқаррароти шартҳои озмун оид ба сарчашмаи ҷудо намудани маблағ ба Раиси шаҳри Душанбе  таклиф пешниҳод намояд.

   6. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш., Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.), Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Муҳиддинов Н.М.), Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ.), Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе (Иброҳимов Т.Т.), Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе (Маҳмудов С.А.) дар ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (Табарзода Ҷ.А.) дар робита бо татбиқи азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», бо назардошти пешбинӣ гардидани васеъшавии ҳудуди он, масъалаи барӯйхатгирии амволи ғайриманқули шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва дигар иншооту биноҳои дар атроф ва ҳудуди боғ ҷойгирбударо ба анҷом расонида, ба Раиси шаҳри Душанбе оид ба ҷуброни амволи мавҷуда бинобар ба манфиати давлатию ҷамъиятӣ гирифтани масоҳати замини марбута таклиф пешниҳод намоянд.

  7. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд.

   8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.                                                                                                                                         

                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

                                

Шартҳои

озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар  Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»  бо азнавсозии он

 КОНСЕПСИЯИ

азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» дар шаҳри Душанбе бо ҷойгиронии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар ҳудуди он

                                                       

 

Замима  №1

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№130-1 19 04 соли 2016

 

Ҳайати  комиссия

оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он

 

1.

Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -раиси комиссия  (дар мувофиқа)

2.

Муқимов Р.С.

Доктори илмҳои меъморӣ, профессори кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ -муовини раиси комиссия (дар мувофиқа) 

3.

Файзуллоев Қ.

Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе – котиби комиссия

 

Аъзоёни  комиссия

 

4.

Фарҳод Раҳимӣ

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)

5.

Низом Қосим

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  (дар мувофиқа)

6.

Асрорӣ Мирзошоҳрух

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (дар мувофиқа)

7.

Зуҳурдинов Б.А.

Президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон (дар мувофиқа)

8.

Юсупов Б.Ю.

Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон (дар мувофиқа)

9.

Рабиев  О.

Раиси Бунёди мусаввирии Тоҷикистон

(дар мувофиқа)

10.

Рузиматов П.Н.

Раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон (дар мувофиқа)

11.

Давлатов А.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ

12.

Сулаймонов Ҳ.С.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №31

13.

Расулов А.Р.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

14.

Ғаниев  Ҷ.

Ректори  Донишгоҳи  давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

(дар мувофиқа)

15.

Муҳиддинов Н.М.

Сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе