Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе №140-2 аз 24.04.2016

Оид ба ташкили барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ

ва фароғатӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии

шаҳри Душанбе дар рӯзҳои истироҳатӣ

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои истироҳатӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғату истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо инобати нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №5 аз 8 апрели соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.     Нақшаи замимагардидаи баргузории барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои истироҳатӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.  Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, мудофиа ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои таъмини иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва шоирону нависандагон дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳо чораҳои мушаххас андешад.

 3.  Муовини  якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ тамоми шароитҳои заруриро ҷиҳати ташкили чорабиниҳои мазкур муҳайё созанд.

4.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешанд.

5.  Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Лангариева Ҷ.С.  гузошта шавад     

              М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Н А Қ Ш А И

баргузории барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои истироҳатӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 14 май то 4 сентябри соли 2016)

 (Вақти баргузорӣ: аз 14 май то 26 июни соли 2016 аз соати 18:30 то 20:00, аз 2 июл то 4 сентябри соли 2016 аз соати 20:00 то 21:30)