Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 May 2016

ҚАРОРИ  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 52-5 аз 14.04.2016

 

        Дар бораи  номивазкунии кӯчаи

        Томини шаҳри Душанбе

 

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон» ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А Д:

1. Номи кӯчаи Томини шаҳри Душанбе ба номи Само иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур (Сиёмардзода С.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро бо тартиби муқарраргардида анҷом дода, насби нишонаҳои марбутаро дар биноҳо таъмин созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва  номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе  (Сафаров С.) гузошта шавад.

 

          Раиси

    Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Душанбе                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ