Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 June 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №145-3 аз 05 майи соли 2016

 

         Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2016 -2020

 

         Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати шабакаҳои роҳҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, кам намудани вазъи тамбашавию шиддатнокии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, беҳбуди ҳолати экологӣ ва амалисозии ҳадафҳои Барномаи рушди роҳҳои шаҳр барои солҳои 2016 - 2020 бо назардошти хулосаҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №2(6.1)-171 аз 5 апрели соли 2016 ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №2/729 аз 8 апрели соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.                 Барномаи замимагардидаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои давраи солҳои 2016 - 2020 ва нақшаи маблағгузории он тасдиқ карда шаванд.

2.                 Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р., Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Бобоев С.Қ.) дар ҳамкорӣ бо роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иҷрои саривақтӣ ва босифати Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2016 - 2020 - ро таъмин намуда, аз рафти иҷрои он ба Раиси шаҳри Душанбе ҳар сол ҳисобот пешниҳод намоянд.

3.                 Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4.                 Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5.                Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Нақшаи маблағгузории Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2016 – 2020

 

Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2016 - 2020