Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 June 2016

6 июни соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев   ҷаласаи васеи навбатии шаҳрдорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва худфаъолияти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои фаъоли иҷтимоии интернетӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ  баргузор гардид.

         Дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти  анҷомгирифтаи гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукўҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»  дар доираи 130 рӯзи ободонӣ  то 3 июни соли ҷорӣ дар  ноҳияҳои шаҳр ҷараён дошт,  зикр сохт, ки ин раванд бебозгашт зери назорати роҳбарияти шаҳр идома дода мешавад.

Ҳамзамон ба масъулин дастур фармуд, ки беш аз ҳарвақта потенсиали мавҷудаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳр ва ноҳияҳои он дар ҳамоҳангии самараноку мақсаднок бо сохторҳои давлатию субъектҳои соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ, бахусус соҳибмулкону сокинони шаҳрро баҳри тавсеаю тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон равона созанд.

Дар ҷаласа муқаррар  гардид, ки баҳри ноил гардидан ба болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинон моҳият ва муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пайаставу пайгирона васеъ таблиғ ва фаҳмонида шаванд.

Дар  ҷаласа, ҳамчунин масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан аз ҷониби соҳибмулкон омода кардани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ, ғановат ва назорати сифату воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба  бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба рекламаи носолиму бардурўғ дар таблиғи молу маҳсулот, пурзўр намудани назорати санитарию эпидемиологӣ ва  байторӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ ва  пурзӯр намудани назорати риояи регламенти шаҳр оиди то соати 23 фаъолият кардани марказҳои маишиву хизматрасонӣ, бартарафсозии ғасби худсаронаи замин ва  савдои кӯчагӣ тибқи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардиданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа нисбати алайҳи маърифати шаҳрнишинӣ миёни мактабиёну ноболиғон то ҳол ҷой доштани ҳолатҳои алоҳидаи муноқишаҳои ба ҷиноят ҳидояткунанда Раиси шаҳр бо исрор изҳори нигаронӣ намуда, ин ҳамаро натиҷаи бемасъулиятии масъулини  Раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нозирони минтақавии милитсия  дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ  унвон кард.

Дар ин росто муқаррар сохт, ки дар ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон корҳои тарбиявии беруназсинфиро  пурзўр намоянд ва ҳамзамон ҳушдор дод, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати масъулин бо татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ тадбирҳои ташкилӣ андешида мешаванд.  

Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарони меҳмонахонаю тарабхонаҳо, марказхои савдою тиҷоратӣ ва сохторҳои хизматрасонии тамоми соҳаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдоштаро муваззаф намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон  бе тағйири реҷаи кории амалкунанда дар сатҳи баланд фаъолият намоянд ва мақомоти марбутаи назоратӣ дар ин самт вазифаҳои хизматиашонро тибқи талаботи қонунгузорӣба роҳ монанд.