Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2016

13 июни  соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр бо иштироки васеи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо,  масъулини сохторҳо, раёсату шуъбаҳо, директорони бозорҳои коммуналӣ ва сардорони субъектҳои марбутаи хизматрасонӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба тарҳрезии натиҷагирӣ аз ҳолати татбиқи барномаҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2016 нигаронида, дастур фармуд, ки дар таносуби ҳар як сохтор ва субъекти хоҷагидорӣ нишондодҳо дар алоҳидагӣ таҳлил ва нисбати вусъати фаъолияти минбаъда оид ба иҷрои босифати нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини нишододҳои буҷетӣ тадбирҳои иловагии мушаххасро пайвастаю пайгирона амалӣ намоянд.

Бо дахли масъалаи назорати иҷрои мақсадноки қисми хароҷоти буҷет Маҳмадсаид Убайдуллоев аз тамоми роҳбарони субъектҳои хоҷагидории аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда талаб кард, ки бо инобати таъсиргузор боқӣ мондани бӯҳрони молиявии  ҷаҳонӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намуда, бо шаффофият ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ сарфаву истифодаи таъинотии маблағҳоро таъмин созанд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи дигар диққати масъулини сохторҳои аз буҷети шаҳрӣ маблағгузоришавандаро  ҷиҳати бо ибрати шахсӣ дар доираи 130 рӯзи ободонӣ  саҳм гузоштан ба татбиқи бо мароми муқаррароти Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» нигаронида, ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» дастур фармуд, ки бо пешбурди мониторинги ҳамарӯза, воқеияти ҳиссагузории онҳоро дар ин сабқати созандагӣ манзури шаҳрдорӣ ва сокинони шаҳр намояд.  

Дар ҷаласа, ҳамзамон масоили ғановати бозори истеъмолӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати  санитарию экологӣ, бо инобати гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ва тақвиятбахшии фаъолияти Ситоди  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои оббозии сокинон ва манъ доштани оббозии шаҳрвандон дар назди каналу дарёҳои марзгузари шаҳр, риояи фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ, вусъати тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ намудани ғасби худсаронаи қитъаи замин  ва таъмини волоияти қонун дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор  ироа гардиданд.