Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 June 2016

     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и  шаҳри Душанбе  аз 15 июн то 15 июли соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 20 июли  соли 2016  эълон менамояд.

        Довталабон барои ишғоли вазифаи холии мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  3X4 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

 

     Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва ё донишкадаҳои  хориҷи кишварро  хатм намуда, на кам  аз 5 сол таҷрибаи  кории  роҳбарикунанда дар соҳаи нақлиёт дошта бошанд, афзалият дода  мешавад.

         Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 июли  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефони  221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №172  аз 12.06.2016

 

        Дар   бораи   эълон   намудани   озмун   барои     ишғоли  

        вазифаи директори    Муассисаи давлатии   коммуналии    

       «Душанбенақлиётхадамотрасон» -и   шаҳри   Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри    Душанбе аз 15 июн  то 15 июли  соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 20  июли соли 2016 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе    (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

       3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.    

М. УБАЙДУЛЛОЕВ