Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 June 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе 168-3 аз 31 майи соли 2016

 

Дар бораи баргузории мусобиқаи «Соли бунёди

боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ» дар шаҳри Душанбе

 

Бо максади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП аз 24 феврали соли 2016 ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равнақи корҳои созандагиву ободонӣ ва ҳифзи анъанаҳои миллию фарҳангӣ, бо инобати пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №103/900 аз 22 апрели соли 2016,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1.       Барои омӯзиш ва муайян намудани беҳтарин боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявии  «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ» дар шаҳри Душанбе  баргузор карда шавад.

2.       Ҳакамони  мусобиқа дар ҳайати замимагардида таъсис ва ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки беҳтарин боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Душанберо муайян намуда, тавсияи худро ба Раиси шаҳри Душанбе барои тасдиқ намудан  пешниҳод намояд.

3.       Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев

   


Замима ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 168-3 аз 31 майи соли 2016

 

Ҳайати

 ҳакамони мусобиқаи «Соли бунёди

 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» дар шаҳри Душанбе

 

1.

Давлатов А.

- раиси Комиссия доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, раиси ҳайати ҳакамон;

2.

Турсунова М.Ғ.

-  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботи №40, муовини раиси ҳайати ҳакамон.

 

                                               Аъзои ҳайати ҳакамон:

 

3.

Солиева Б.А.

-  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботи №57

4.

Лангариева Ҷ.С.

- муовини Раиси шаҳри Душанбе

5.

Ҳакимов Н.Ҳ.

- муовини Раиси шаҳри Душанбе;

6.

Мирзораҳимов А.

- директори Институти ботаника, физиология ва растании Академияи илмҳои Тоҷикистон;

7.

Раҳимов С.

 

- профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

8.

Ҷалолов Н. М.

- сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

9.

Холиқова Т.М.

- директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.