Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 October 2010

27 октябри соли 2010 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки сохторҳои масълуи шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони институтҳои шахрвандии пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи нақшаи шаҳрдорӣ ва иҷроиши муқаррароти Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз 23 сентябри  соли 2010 нисбати ҷараёни тадбирҳои омодасозии ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 аз натиҷаи  санҷиши анҷомдодаи прокуратураи шаҳри Душанбе гузориши иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳр Сафаров А.А. шунида шуд.

Мавсуф зимни гузориши худ таъкид намуд, ки нақшаву чорабиниҳои дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 272 аз 22 апрели соли 2010 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011» муайян гардида, аз ҷониби масъулин иҷро шуда бошанд ҳам, бо вуҷуди кам мондани фурсати анҷоми корҳои омодагӣ ҳолатҳое ҷузъие ба мушоҳида мерасанд, ки барои рафъи ҳар кадоме ба мутасаддиёни соҳа ва роҳбарони ташкилоту идораҳо пешниҳодномаҳо ирсол карда шуд.

Бо хулоса аз гузориши мазкур Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати фаъолияти дар ин самт анҷомдодаи прокуратураи  шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷроиши сартосарии Қарорҳои  марбутаи  Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодасозии фонди манзили коммуналӣ, муассисаҳои зертобеи системаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳр зери масъулияти шахсии муовинони муттасадии соҳаи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва институтҳои шаҳрвандии пойтахт то 10 ноябри соли 2010 мӯҳлати охирин муқаррар сохт.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки дар сурати иҷро нагардидани муқаррароти мазкур дар мӯҳлати зикргардида, ки дафъатан воқеияти он аз ҷониби прокуратураи шаҳр то 15 ноябри соли равон мавриди санҷиш санҷиш қарор мегирад, нисбати ҳар кадом масъул- хизматчии давлатӣ тадбирҳои ташкилӣ андешида хоҳанд шуд.

Ҳамзамон барои маълумоти фаъолон ва сокинони пойтахт зикр гашт, ки бо вуҷуди аз ҷониби сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ омода намудани фонди манзил ва дигар иншооти муассисаҳои иҷтимоӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ вобаста  ба имкониятҳои Маркази барқу гармиистеҳсолкунии зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шаҳри Душанбе, ки ба истиснои дегхонаҳои локалӣ ягона манбаи истеҳсолӣ ин намуди нерӯ ба ҳисоб меравад ва шаҳрдорӣ ҳамеша барои харидории маҳсулоти он баҳри таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ омода мебошад, ҳамагӣ ба ҷои 657 Гкл гармӣ 135 Гкл гармӣ истеҳсол карда мешавад, ки танҳо ба 20 % талаботи шаҳр ҷавобгӯй аст.

Бо назардошти он, ки ин мушкилот барои Маркази барқу гармиистеҳсолкунии шаҳри Душанбе бо сабаби таври кофӣ дар мавсим таъмин нагардидан бо гази табиӣ ва мазут ҳамасола ба миён меояд, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа зикр сохт,  ки дар сурати омодагии аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоии шаҳр ба пардохти гармии пешниҳодшаванда, имкон дорад баҳри дастгирии аҳолӣ ҳамчун пешпардохти музди хизматрасонӣ барои харидории миқдори зарурии гази табиӣ  ба ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби буҷети шаҳр 4,5 млн сомонӣ ҷудо намояд.

Бо дахли масоили риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби аҳолӣ оид ба манъи нигаҳдошт ва парвариши чорвои хурду калони хонагӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе ба ѓайр аз он минтақаҳои бо қарори Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муқарраргардида, дастур гашт, ки корҳои назоратӣ дар ин самт аз ҷониби масъулин пурзӯр карда шавад ва прокуратураи шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли 2011санҷиши корҳои анҷомдодаро ба нақша гирад.

Инчунин, тибқи маъмулӣ  баҳри тақвияти шаффофият дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва таъмини назорати ҷамъиятии иҷрои Қарорҳои  марбутаи  Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳри Душанбе  дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур гардид, дар сатҳи шаҳр ва ноҳияхои он комиссияҳои дахлдори ҷамъиятӣ бо инобати фаъолияти доимӣ ташкил карда шаванд.

Бо ин мақсад муқаррар гашт, ки комиссияҳои ҷамъиятӣ бо ҷалби намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ  оид ба назорати ҳолати  иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе бо сарварии А. Ҳабибов  ва Қарорҳои  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  бо роҳбарии раиси Кумитаи шаҳрии ҲКТ - С. Сафиоллоев дар дастгоҳи Раиси шаҳр ва дар сатҳи ноҳияи Сино бо роҳбарии Кумитаи шаҳрии ҲНИТ, ноҳияи Шоҳмансур- ҲСДТ, ноҳияи Фирдавсӣ – ҲДТва ноҳияи И. Сомонӣ – ҲСТ ба фаъолият шурӯъ намоянд.

Зимни баррасии масъалаҳои марбут ба фаъолияти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз пажӯҳиши амиқи хулосаву пешниҳодоти сохторҳои дахлдор ва мутобикатии онҳо ба талаботи қонунгузории амалкунанда изҳор дошт, ки баҳри ташкили рақобати солим дар бозори хизматрасонии мусофиркашонӣ, фаъолияти микроавтобусҳои ба истилоҳ «тангем»-ҳо бидуни он хатсайрҳои бо Қарорҳои қаблии Раиси шаҳр мамнӯъ гардида, бо риояи ҳамаи талаботҳои ба микроавтобусҳои «Хундай-старекс»-ҳо ҷорӣ, иҷозат дода шавад. Дар ин равобит барои баланд бардоштани масъулияти хизматрасонии ронандагон дар ҳамаи воситаҳои нақлиёти машѓул ба хизматрасонӣ телефонҳои боварӣ барои қабули муроҷиати мусофирон таври ҳатмӣ насб карда шавад.  

Бо инобати ба анҷом расидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ баҳри мутобиқсозии номи кӯчаву шаҳракҳои пойтахт ба талаботи қонуни марбутаи ҷумҳурӣ оид ба забони давлатӣ зикр гашт, ки аҳли ҷамоатчигӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ имкон доранд то 1 январи соли 2011 таклифу пешниҳодоти худро унвонии комиссияҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ барои баррасӣ ирсол доранд.

Дар ҷаласа ҳамзамон охирин таѓйироти кадрии дар сатҳи шардорӣ андешидашуда:  Сайвалӣ Сафаров - муовини Раиси шаҳри Душанбе,  Гулчеҳра Шарипова – директори КВД «Меҳмонсарои Пойтахт», Нозира Соқиева – директори КВД «Маркази равобити пойтахт», Гулнора Бобоева- сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Сайрамбӣ Лангариева – муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ  карда шуданд.