Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 June 2016

Воҳиди хариди  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба хариди дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти садо барои  Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар озмун довталабонро даъват менамояд.

 

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.  Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсиси корхона

2.  Пешниҳоди тендерӣ

3.  Муҳлати иҷрои кор;

4.  Кафолати банкӣ барои иҷрои шартҳои дархости тендерӣ дар ҳаҷми 1 % аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

5.  Маълумотномаи нозироти андоз, макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои батаъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

6.  Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои моддӣ – техникӣ.

7.  Тахассуси кормандон;

8.  Маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳои ба ин монанд дар 2-3 соли охир иҷро намуда;

9.  Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер

 

 

Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ  метавонанд ба Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 18, тел. 221-29-68 муроҷиат намоянд.

Довталабон ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мӯҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикргардида то соати 10:00 рӯзи 12 июли соли 2016 пешниҳод намоянд.

Озмуни харид соати 10:00 рӯзи 13 июли соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48 «а» баргузор мегардад.