Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 July 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 180-2 аз 22.06.2016

 

Дар бораи ғанигардонии бозори истеъмолии

шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия

дар моҳи шарифи Рамазон

 

Бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва ба ин васила расонидани таъсири мусбӣ ба нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Иқдоми роҳбарони бозору марказҳои савдо, соҳибкорону тоҷирон дар хусуси дар моҳи шарифи Рамазон бо роҳи бевосита аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва воридкунандагони маҳсулот аз хориҷи кишвар ба харидорон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия, инчунин ташаббусҳои Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ташкили ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия тибқи замимаҳои №№1-2 ва ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ, ҷиҳати бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхтани бензину гази моеъ тибқи замимаи №3 ҷонибдорӣ карда шавад.

2. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат» «Маҷмааи савдои  Пойтахт-90» дар моҳи шарифи Рамазон:

-  барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», соҳибкорону тоҷирон, ки маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзиро бевосита (бе миёнаравҳо) дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш  мебароранд, шароит фароҳам оварда, дар ин замина онҳоро аз пардохти ҷамъоварии маблағҳои чиниши яквақта озод намоянд;

-  ҳангоми аз ҷониби фурӯшандаҳо иҷро нашудани муқаррароти Қарори мазкур, беасос баланд кардани нархи маҳсулот, фаъолияти минбаъдаи онҳоро дар бозорҳои коммуналӣ қатъ гардонанд.

3. Бо мақсади таъмини рақобати солим ва коҳиш додани нархи маҳсулот маъмурияти бозорҳои коммуналӣ таҳти масъулияти шахсии директорони бозорҳо, бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ ва қарзи аз буҷети шаҳр додашуда, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид,  захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва ташкили ярмаркаҳои фурӯшро дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ тибқи замимаи №4 дар ҳудуди бозорҳои коммуналии шаҳр ба роҳ монанд.

4. Роҳбари ситоди марказӣ, муовини Раиси шаҳри  Душанбе  Мақсудзода Ш. дар назди ҳар як бозори коммуналӣ аз ҳисоби кормандони раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ситоди доимамалкунанда тибқи замимаи №5 ташкил намояд.

5. Муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» тибқи замимаи №6 тариқи воситаҳои ахбори омма ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ба маълумоти ҷомеа, ба хусус, соҳибкорон расонида, инчунин аз роҳбарони воситаҳои ахбори омма ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хоҳиш карда шавад, ки муроҷиатномаи мазкурро ҳамаҷониба тарғиб намоянд.

6. Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» (Саидов Ш.Н.) раванди хариду воридот ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро бевосита аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат» ва Маҷмааи  савдои «Пойтахт-90» таҳти мониторинги доимӣ қарор диҳад.

7. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намояд.

8. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

9. Назорати иҷрои Қарори мазкур дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. ва дар бозорҳои хусусӣ ба зиммаи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе: Исмоили Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ.,  Шоҳмансур - Сиёмардзода С., Сино - Ализода С.А. ва Фирдавсӣ - Табарзода Ҷ. А. вогузор карда шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ


Муроҷиатномаи

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 

 Д А Ъ В А Т    Б А   А Д Л У   И Н С О Ф

Ҳамватанони арҷманд, шукргузорем  аз раҳмати Илоҳӣ, ки боз ба моҳи шарифи Рамазон расидем. Ин моҳ дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбари гиромӣ аз беҳтарин моҳҳои сол, моҳи файзу баракат, эҳсону накӯкорӣ, адлу инсоф, муруввату инсондӯстӣ ва пеш аз ҳама, моҳи раҳмату мағфират, озодӣ аз азоби дӯзах ва моҳи шарафмандии умматони Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи олиҳи васаллам) дониста шудааст.

Моҳи мубораки Рамазон фурсати муносибе барои худшиносӣ, дарёфти камолоти инсонӣ, покдоманию парҳезгорӣ, имтиҳони ҷавонмардӣ ва таҳаммулгароию қаноатмандӣ мебошад.

Яке аз ҳикматҳои рӯзадории моҳи шарифи Рамазон, дар баробари ҷилавгирӣ аз хӯрдану нӯшидан, ин риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард буда, ба соҳибкорону тоҷирон алоқамандии зиёд дорад, зеро асосан соҳибкорону тоҷирон таъминкунандаи рӯзгори мардум мебошанд. Ниёгони бузургамон низ дар тӯли таърих  маҳз бо риояи ин суннатҳои арзишманди исломӣ зиндагӣ кардаанд. Аз ин рӯ, аҳли савдою тиҷоратро зарур аст, ки дар ин моҳ қаноатмандиро пеша карда, барои дарёфт намудани ризои Худованд аз рӯи адлу инсоф ба мардум хизматгузорӣ кунанд.

Боварии комил дорем, ки ба хотири ризоияти Худованд ва нигоҳ доштани арзишҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокаро нигоҳ дошта, бо қобилияти харидории сокинони шаҳр мувозинат риоя мекунед.

Аз Худованди мутаол бароятон тавфиқу инсоф ва ҷавонмардию саховатпешагӣ таманно дорем!

 

Рӯйхати

нархи миёнаи маҳсулоти ниёзи аввалияе, ки аз тарафи Агентии захираҳои моддии  давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар давоми моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе фурӯши маҳсулоти озуқаворию агросаноатии КВД Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ва бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ба фурӯш гузошта мешаванд.

 

Рӯйхати

маҳсулоти ниёзи аввалияе, ки дар ярмарка аз тарафи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар бозори фурӯши маҳсулоти озуқаворию агросаноатии КВД Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» дар давоми моҳи шарифи Рамазон то 5 июли соли 2016 пешниҳод мегарданд

 

Номгӯи

маводи сӯзишворе, ки аз тарафи ширкатҳои воридкунанда бо нархҳои нисбатан арзон дар давоми моҳи шарифи Рамазон фурӯхта мешаванд

 

Ҳаҷми

маҳсулоти ниёзи аввалия ҳамарӯза дар бозорҳои коммуналии

шаҳри Душанбе, ки бевосита аз ҷониби маъмурияти бозорҳо таъмин карда мешавад

 

Ҳайати ситоди марказӣ ва ҳайати ситодҳои бозорҳои коммуналӣ