Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 July 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №192 аз 7.07.2016

 

    Дар бораи баргузории иқдоми

     умумишаҳрии «Қалби нек»

 

Бо мақсади дастгирию кӯмаки ниёзмандон, маъюбону беморон, бо инобати мактуби Федератсияи миллии рақсҳои варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №67 аз 22 июни соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Тартиби замимагардидаи баргузории иқдоми умуми-шаҳрии «Қалби нек» дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» таърихи 9 июли соли 2016 аз соати 18:30 то 21:30 тасдиқ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби ташкили иқдоми умумишаҳрии «Қалби нек» ҷамъомада бо мақсадҳои хайрия, аз ҷумла барои табобати кӯдакони мубталои бемориҳои саратон ва чашм равона карда мешаванд.

             3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.), Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро ҳангоми  баргузории чорабинии мазкур таъмин намоянд.

             4. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Саломова М.) ҳамоҳангсози баргузории иқдоми умумишаҳрии «Қалби нек» муқаррар карда шавад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.) ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.) таблиғи пурраи баргузории чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  ва мониторҳои шаҳрӣ таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ. С. гузошта шавад.

                                                                           М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

                     Замима ба

   Қарори Раиси шаҳри Душанбе

         №192 аз 7.07.2016

Тартиби

баргузории иқдоми умумишаҳрии «Қалби нек» дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»

 

Дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» барои фароғати хуби кӯдакон ва падару модарон дар майдончаҳои кӯдакона ҳар гуна бозиҳои шавқовар, суруду мусиқӣ ва рақс инчунин, фурӯши яхмос, маҳсулоти қаннодӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан ташкил карда мешаванд.

 

Қисми асосии чорабинӣ:

18:30-19:00         -Бақайдгирӣ ва ҷобаҷокунии меҳмонону иштирокчиёни  иқдоми умумишаҳрии «Қалби нек» ва паҳн кардани варақаҳои таблиғотӣ дар мавзӯъҳои «Оилаи солим - бидуни маводи мухаддир», «Оилаи солим – бидуни зӯроварӣ» ва «Модари солим – оилаи солим».

19:00-21:30         -Намоиши филми ахлоқӣ-тарбиявии «Коромӯз» дар зери осмони кушод, ки пешакӣ барои ин мақсад омода гардидааст. Филм дар бораи муносибати ду насл, поквиҷдонӣ дар кор  ва чӣ гуна барои зан душвор будани тиҷорат ва муносибатҳои оиладорӣ нақл мекунад. Филм осонбин, самимӣ буда, яке аз мусбитарин филмҳои  дар соли 2015 истеҳсолшуда мебошад. 

  21:30                   -Анҷоми чорабинӣ ва гусели меҳмонону иштирокчиёни иқдоми умумишаҳрии «Қалби нек».