Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 July 2016

19 июли соли 2016 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия ҷаноби Шансев Валерий Павлиновичро, ки бо сафари корӣ ба ҷумҳуриамон ташриф овардааст, бо ҳайати ҳамроҳонаш ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти самимӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҷаноби Валерий Шансевро дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварамон бо Федератсияи Россия ва минтақаҳои он, ки дар партави сиёсати созандаи Сарвари давлатамон баҳри густариши пайвастаи робитаҳои ҳасанаву гуногунҷабҳа тақвияти тоза касб менамоянд, фоли нек арзёбӣ намуд.

Идома бар он, зикр сохт, ки ин боздид ва барномаи сафари корӣ воқеан ҷиҳати таҳкими робитаҳо ва роҳандозии барномаҳои муштараки хамкориҳо миёни шаҳри Душанбе ва ин субъекти Федератсияи Россия, ки дорои иқтидорҳои бесобиқаи саноатию истеҳсолӣ ва илмию пажӯҳишӣ мебошад, бобати рушди инфрасохторӣ, таҷдиди заминаҳои моддию техникии нақлиётӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми хоҷагидории шаҳр тавассути ташкили корхонаҳои саноатию истеҳсолии муштарак, ки самараи онҳо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мутахассисони ватанӣ мегардад, саҳми босазо хоҳад гузошт.

 Бо тақвият аз мантиқи ҳамкориҳои ҷойдоштаи шаҳрдорӣ  бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Группа ГАЗ”, ки нақлиёти гуногунтаъиноти истеҳсоли он дар системаи нақлиёти ҷамъятию коммуналии шаҳр хизматрасонии муваффақона доранд, зимни мулоқот таъкид гашт, ки ҷамъияти мазкур имкон дорад дар тендерҳои эълонменамудаи шаҳрдорӣ ширкат варзад.

Ҷаноби Валерий Шансев дар навбати худ аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти самимӣ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипос намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо муаррифии лоиҳаҳои мутақобилан судманд, нисбати татбиқи онҳо изҳори омодагӣ кард. Аз ҷумла, афзуд, ки зери сарпарастии Губернатори вилоят ташкилдиҳии корхонаҳои муштарак  дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда мешаванд.

Бо ин мақсад ва озмӯзиши амиқи барномаҳои ҳамкорӣ зимни мулоқот ба тафоҳум расиданд, ки Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вилояти Нижегороди Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ  ба имзо расад, ки дар иртибот ба ин аз ҳар ду ҷониб гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Идома бар он, дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо масоили ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии вилояти Нижегрод, таъминоти мактабҳои русии таҳсилоти миёнаи пойтахт бо омӯзгорон, китобҳои дарсӣ  ва лавозимоти хонишро баррасӣ намуда оид ба ҳалли мусбии онҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷом ҷаноби Валерий Шансев аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба миён овард, ки баҳри таҳкиму рушди ҳамкориҳо дар вақти барояшон муносиб ба вилояти Нижегрод бо сафари расмӣ ташриф биёрад.