Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 July 2016

 21 июли соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

 

Дар кори иҷлосия ба ҷуз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, худфаъолияти ҷамъиятию сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони фаъолони гуруҳи фейсбук, сомонаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма  ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои  ба он шомилгардида: 

-Дар бораи иҷроиши барномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба  рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ба хусус  дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ва дастгирии соҳибкорӣ;

-Оид ба тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №184 аз 30 июни соли 2016 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016»

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Зоя Космодемянскаяи шаҳри Душанбе

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Юлиус Фучики шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Александр Матросови шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Советскаяи шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Павлови шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Студентческаяи шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Бабушкини шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Воровскийи шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Гончарови шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Комсомоли шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Петровскийи шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Алексей Толстойи шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи 40 –солагии Октябри шаҳри Душанбе;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи Гастеллои шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Шестапалови шаҳри Душанбе;

-Дар бораи номивазкунии кӯчаи Сергей Лазои шаҳри Душанбе;

-Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №33;

-Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №56-5 аз 14 апрели соли 2016 «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили  Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14»;

-Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ намуданд.

Дар иҷлосия зимни баррасии масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзода шунида шуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба нимсолаи аввали соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  дар сатҳи 100,3, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 107,3 фоиз, ба кор андохта шудани фондҳои асосӣ 1,8 баробар, ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана – 102,3, ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо 119,1 ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 102,0 фоиз  таъмин гардида, дар ин замина Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ  беш аз 4,52 млрд. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 106,2 фоизро ташкил дод.

Нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 100,0 фоиз ва ба маблағи 1018,9 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки нисбати нақша 0,5 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум  65,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади Буҷети шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2016 аз рӯи воридоти андозҳо 104,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 596,3 млн. сомонии нақша ба буҷет 635,0  млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 38,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 4,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар давраи сипаришуда 30837 нафарро ташкил намуда, назар ба соли 2015 ба андозаи 4,6 фоиз ё 1362 нафар зиёд шудааст.

Дар ин давра бо ҷалби маблағгузориҳои давлатӣ ва соҳибкорон дар шаҳри Душанбе 46 иншоот ба маблағи беш аз 1,1 миллиард  сомонӣ мавриди  истифода қарор дода шуданд, ки Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дорои беморхона барои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар бо ташкили 3435 ҷои нави корӣ ва маркази соҳибкорӣ, меҳмонхона, маҷмааи варзишию солимгардонӣ ва тиҷоратӣ дар кӯчаи Д. Халқҳо, 47, мансуб ба ҶСП «Евразия» бо ташкили 750 ҷои нави корӣ аз ҷумлаи онҳост.

Дар иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ шумораи коргарон дар вақти сохтмон 3065 нафар ва баъди ба истифодадиҳии онҳо  5065  нафарро ташкил дод.

Дар соли ҷорӣ  ба 284 соҳибкор қисми иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе  дар масоҳати 26581,0м2 ба иҷора супорида шуд, ки  дар заминаи онҳо 434 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои марбутаро оид ба иҷроиши барномаҳои зикршуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо инобати имконияту захираҳои ҷойдошта нисбат ба талабот ва зарфиятҳои шаҳр нокифоя арзёбӣ намуда, барои ислоҳи вазъ, таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ ҷиҳати ҳарчӣ бештар бо ҷойи кор ва шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон ба масъулин мӯҳлат муқарар намуд.

Ҳамчунин 302 нафар  раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагию ширкатҳои соҳибмулкони манзили шаҳр уҳдадор карда шуданд, ки бетаъхир ва бечунучаро бо ташкили коргоҳҳои ҳунармандӣ ҳар кадоме на кам аз 10 ҷойи корӣ таъсис диҳанд. Дар иртибот ба он, дар иҷлосия қарор карда шуд, ки ҳолати амалишавии ин иқдомот дар таносуби 4 ноҳияҳои шаҳр аз ҷониби раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дар алоҳидагӣ муваззаф карда шуданд, мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар иҷлосияи навбатӣ гузоришҳои онҳо шунида шаванд.

Дар ин раванд, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мисоли ташаббуси соҳибкор Авазхон Кабиров оид ба дар асоси Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе амалӣ кардани сохтмони бинои истеҳсолӣ барои на кам аз 500 ҷойи корӣ ва маҷмааи иншоотҳои истироҳатӣ-фароғатӣ, аквапарк, варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳраки 61, ки бо ба истифода додани танҳо корхонаи истеҳсолӣ дар як баст 1200 ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад, зикр намуд, ки аз дилхоҳ иқдомоти созандаи масъулин ва соҳибкорони инфиродӣ дар самти ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ истиқбол хоҳад кард.

Зимни тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №184 аз 30 июни соли 2016 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016» Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти анҷомдодаи сардорони Сарраёсати молия ва Раёсати андози шаҳри Душанберо нокифоя хонда, муқаррар сохт, ки масъалаи фаъолияти минбаъдаашон дар вазифаҳои ишғолнамуда, вобаста аз натиҷаҳои ҷамъбасти нуҳмоҳа баррасӣ карда мешавад.

Иҷлосия оиди масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо инобати ба  бозбинӣ ниёз доштани бештари лоиҳаҳои қарорҳои пешниҳодгардида, қабули қарори ниҳоиро оиди онҳо бо иштироки аъзоёни Комиссияи шаҳрии номгузорӣ ва раисони  Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ба салоҳияти Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вогузор намуд.

Ҳамзамон, дар Иҷлосия бо дақиқаи хомӯшӣ пос доштани хотираи вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №33, собиқ раиси ноҳияи Синои шаҳр - Сафаров Зафар Абдуллоевич, вакилон ваколати марҳумро бинобар сабаби вафоташ пеш аз мӯҳлат қатъ карда,  ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №56-5 аз 14 апрели соли 2016 «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили  Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14» низ нағирот ворид намуданд.

Инчунин, вакилон қарорҳои дар фосилаи иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба тасвиб расонидаи Раиси шаҳрро тасдиқ карданд.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи дигар таваҷҷуҳи фаъолони шаҳрро бобати вусъат бахшидани саҳмгузорӣ дар сабқати 130 рӯзӣ ободонӣ ба ифтихори омодагиҳои сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр, риояи бемайлони танзими расму ойин, татбиқи муқаррароти қонунгузорӣ нисбати дилхоҳ хилофкорон, пеш аз ҳама аз ҷониби сохторҳои марбутаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр дар иртибот ба вайронкунандагони ҳаракати воситаҳои нақлиёт шабонгоҳҳо дар роҳҳо, муборизаи беамон бо амалҳои коррупсионӣ, ғановати бозори истеъмолию ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби буҷети шаҳр ба бозорҳои коммуналӣ нигаронида, дар ин радиф сохторҳои зидахлро вазифадор намуд, ки оид ба андешидани чораҳои муассир дар роҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти сокинон дар шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.