Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 July 2016

28 июли соли 2016 бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар як идда сохторҳои шаҳрӣ  тағйироти кадрӣ андешида шуданд.

Мутобиқ ба онҳо Хуршед Кабиров – мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Шералӣ Хушзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озод ва ба ин вазифа  Нурулло Алиев, Саймаҳмуд Муминов ба вазифаи директори КВД «Бозори Шоҳмансур» ва Зиёвуддин Наҷмиддинов ба вазифаи директори КВД «Бозори Деҳқон»  таъин гардиданд.