Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 August 2016

1 августи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев   ҷаласаи васеи навбатии шаҳрдорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагию ширкатҳои соҳибмулкони манзил, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои иҷтимоӣ  баргузор гардид.

Дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти  анҷомгирифтаи гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»  дар доираи 130 рӯзи ободонӣ  то 29 июли соли ҷорӣ дар  ноҳияҳои шаҳр ҷараён дошт, зикр сохт, ки бо мақсади дастёбӣ ба самараи дилхоҳи пайгиришавада, дар муҳлати боқимонда низ зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳою ҷонишинони Раиси шаҳр ва раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ҷиҳати саҳмгирӣ дар ин сабқат нерӯи созандаи  кулли сокинони шаҳр  ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт дар ҳудуди шаҳр сафарбар карда шавад.

Идома бар он, дастур гардид, ки то 20 августи соли равон дар радифи идома додани омодагиҳои ҳамаҷониба, корҳои ободонию хуррамгардонии тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва биноҳои дар шафати онҳо ҷойгирбуда комилан ба  итмом расонида шаванд. Барои вусъати корҳо ва пешбурди назорати ҷамъиятӣ аз рафти иҷрои нақшаҳои барномавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар намуд, ки Комиссияи марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе воқеияти корҳои анҷомгирифтаро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Бо дахли дигар масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро зимни гузориши сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр Илҳом Назарзода ба беҳдошти ҳолати зиддисӯхторӣ дар тамоми ташкилоту идораҳо ва биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ нигаронида, бо инобати баланд шудани ҳарорати ҳаво барои пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дастур фармуд, ки  оиди тавсеаву тақвияти фаъолият дар ин самти муҳим чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Инчунин, дар ҷаласа масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, истифодаи сарафакоронаи он аз ҷониби муштариён,  тадбирҳои иловагии беҳбудбахшию назорати  ҳолати санитарию эпидемиологӣ, боздошту безарар кардани сагҳои дайду баҳри пешгирӣ аз касалиҳои ҳорӣ, ѓановати бозори истеъмолӣ, вазъи таъминоти муассисаҳои иҷтимоӣ, қабл аз ҳама мактаб –интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон бо маводи хушсифати ѓизоӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ зимни хариди давлатии молу маҳсулот дар корхонаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии сокинон ва масъулияти корфармоён нисбат ба кормандон, вазифаву уҳдадориҳои иттифоқҳои касаба дар ин хусус ва муҳимтар аз ҳама, бо хулоса аз вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳандозии тадбирҳои муассир оид ба ҳифзу риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ  карор гирифтанд.

Гузашта аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таассуф аз ҳолати низоми ташкили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, тарзи меъёрию дилхоҳ то ба ҳол танзим нашудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, бо вуҷуди масъалагузориҳои ҳамарӯза боиси нигаронии мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо боқӣ мондани танбашавии воситаҳои нақлиёт, аз фаъолияти муовини соҳавии Раиси шаҳр Низом Ҳакимов интиқод карда, барои ислоҳи вазъ ба мавсуф то 1 сентябри соли равон муҳлат муқаррар намуд.