Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 September 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 245 аз 31  августи соли 2016


Дар бораи Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе

        Бо мақсади  таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим  ва дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани Дави миллӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.       Дави миллӣ дар шахри Душанбе 3 сентябри соли 2016 аз соати 700 то 1100 тибқи  замимаи  1 гузаронида шавад.

2.       Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3.       Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани Дави миллӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

4.       Аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимию корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабинии варзишии Дави миллӣ таъмин намоянд.

5.       Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М,)  тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳаракати нақлиётро дар самтҳои муайянгардида аз соати 7:00 то соати 11:00 маҳдуд намоянд. 

6.       Шуъбаи таҳлилӣ ва  иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замимаи 2

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 245 аз «31 » августи соли 2016

 

 

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе

 

Номгўи  чорабиниҳо

Мўҳлат

Масъули иҷро

Масъулони назорат

1.       

Баргузор намудани мусобиқаи Дави миллӣ  дар самти муқарраргардида

3 сентябри   соли 2016 соати 0700

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ

Лангариева Ҷ.С.

2.       

Мусоидат ба  иштироки наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе дар чорабинӣ 

3 сентябри   соли 2016 то соати 0630

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор

Лангариева Ҷ.С.

3.       

Сафарбар намудани кормандони соҳаҳои  гуногуни шаҳр дар Дави миллӣ

3 сентябри   соли 2016 то соати 0630

Сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

4.       

Таҳияи матни шиору навиштаҷоти чорабинӣ  ва насби онҳо дар самти баргузории мусобиқа

То 3 сентябри   соли 2016

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

Лангариева Ҷ.С.

5.       

Гузоштани саҳна ба андозаи (3м х 4м) ва ороиши он дар ҷойи оғози  Дави миллӣ

3 сентябри   соли 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

Лангариева Ҷ.С.

6.       

Таъмини амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ дар макони баргузории чорабинӣ

3 сентябри   соли 2016

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 Расулов А.Р.

7.       

Таъмини муназзами барқ,  бехатарии зидди сўхтор ва хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» дар  макони баргузории чорабинӣ

3 сентябри   соли 2016

ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии     шаҳри Душанбе

Расулов А.Р.  Самадов Ш.Д.

Лангариева Ҷ.С.

8.       

Тавассути эълони пешакӣ дар  воситаҳои ахбори омма  манъ намудани  ҳаракати нақлиёт аз соати 700 то 1100-и 3 сентябри соли 2016, 

3 сентябри   соли 2016

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 Расулов А.Р. 

Ҳакимов Н.Ҳ

 

9.       

Таъмини асбобҳои пахши садо дар макони оғоз ва анҷоми чорабинӣ, таъмин бо нақлиёт ҷиҳати интиқоли асбобҳои пахши садо

3 сентябри   соли 2016

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе,  шуъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

Ҳакимов Н.Ҳ

 

10.   

Тозаву озода нигох доштани гирду атрофи макони баргузории чорабинӣ, инчунин муҳайё намудани шароити корӣ барои баргузории чорабинӣ

3 сентябри   соли 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ, Муассисаи давлатии «Наврўзгоҳи пойтахт»

Расулов А.Р.

Лангариева Ҷ.С.