Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 September 2016

 

 

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№244  аз 31.08.2016

 

 


Дар бораи гузаронидани тамрини сафороӣ дар марҳалаи ниҳоӣ барои омодагӣ ба Паради ҳарбӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Бо инобати муроҷиати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №10/932 аз 26 августи соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Муқаррар карда шавад, ки 6 сентябри соли 2016 аз соати 0800 то 1030  дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе тамрини сафороӣ дар марҳалаи ниҳоӣ барои омодагӣ ба Паради ҳарбӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти гузаронидани тамрини сафороӣ интизоми баланди ҳарбӣ ва ҳолати санитарию эпидемиологиро дар маҳалли баргузории тамрин ва ҳудудҳои ҳамшафати он таъмин намояд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе (Қунѓуротзода Ф.Қ.) ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) дар  мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар мавзеи баргузории тамрин мувофиқи вақти муқарраргардида маҳдуд намуда, ҷиҳати риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешанд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин созад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

                                                                     М.УБАЙДУЛЛОЕВ