Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 September 2016

19 сентябри соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳою муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагию ширкатҳои соҳибмулкони манзил, хадамоти назорати давлатӣ, муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ ва ташкилоту идораҳои муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси шаҳр қабл аз ҳама аз номи Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо таъкиди исми ҳар як нафарони дар баргузории Намоиши ҷашнӣ саҳми босазову масъулиятона гузошта, изҳори сипос карда, зикр намуданд, ки пайвастаю пайгирона дар татбиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти шаҳр ва сокинони шарафманди он тамоми зарфият ва имконотро баҳри  ободӣ ва рушди бемайлони шаҳри Душанбе бо тарҳрезӣ ва амалисозии барномаҳои мушаххас ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинони он  равона месозанд.

Дар ин зимн, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таъкиди нақш ва масъулияти беназири аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози баргузории Намоиши ҷашнӣ, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр нисбати касбияташон оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар баргузории чорабиниҳои оммавӣ изҳори сипос карда, фаъолияти дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурӣ анҷомдодаи ректорони донишгоҳҳои олӣ ва директорони коллеҷҳои дар пойтахт фаъолияткунандаро дар роҳи таъмини иштироки донишҷӯён ва дар ин равобит бо ғамхориҳо фаро гирифтани ҳар кадоми онҳоро шоистаи таҳсин маънидод кард.

Ҳамзамон дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки барои донишҷӯён – иштирокчиёни Намоиши ҷашнӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр чиптаҳои истифодаи бемузди нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ – автобус ва троллейбус барои 9 моҳ таъмин карда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомдодаи раисони ноҳияҳо ва гурӯҳҳои корӣ оид ба татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ва дар ин доира бо сафарбарсозии оммавии кулли сокинони шаҳр  ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт аз 26 апрел то 3 сентябри соли равон эълон ва амалӣ гардидани 130 рӯзи ободонӣ, бо сипос аз саҳмгирии сокинон дар ин сабқати созандагӣ, қарор намуд, ки ин раванд то 31 декабри соли 2016 тавассути таҷдиди назар намудани нақшаву чорабиниҳои Қарори мавриди таваҷҷуҳ дар шаҳр идома дода шавад.

 Гузашта аз ин, баҳри пешбурди назорати ҷамъиятӣ ва хулосаву ҳамоҳангсозии фаъолияти масъулини ноҳияҳо мутаносибан раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуқодир Давлатов ба ноҳияи Сино, Зариф Шарипов - ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Саидҷон Саидраҳмонов – ноҳияи Фирдавсӣ ва Аврор Мирсаидов ба ноҳияи Шоҳмансур масъул карда шуданд.  

Ҳамзамон таъкид сохт, ки дар марҳилаи дуюм корҳои бунёдӣ дар қитъаҳои замини минтақаҳои аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ холишуда, тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳалҳо баҳри ташкили шароитҳои арзанда барои истироҳату хизматрасонии сокинон роҳандозӣ карда мешаванд.

Идома бар он, бо иштироки фаъолони пойтахт дар ҷаласа нақшаҳои шаҳрдорӣ барои омодагии густарда ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, аз ҷониби Раиси шаҳр муқаррар карда шуд, ки аз 2 январ то 26 июни соли 2017 бо сафарбарсозии оммавии сокинон дар пойтахт маъракаи сабқати созандагӣ ва бунёдкориҳо эълон карда мешавад.

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои  мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳимояи ҳуқуқу амнияти истеъмолкунандагон, ғановату назорати давлатии сифати маҳсулоти озуқавории ба бозори истеъмолӣ воридшаванда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, бахусус нақлиёти ҷамъиятӣ, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторӣ, хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ва боғоту чаманзорҳои пойтахт, матраҳ карда шуданд.

Дар фарҷом, Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вусъати ташкили корҳои оммавӣ ҷиҳати омодасозии бинову иншоотҳо ба қабули гармии мутамарказ дар мавсими зимистон ҷалб намуда, аз ҳамаи соҳибмулкон даъват ба миён овард, ки дар ин сабқати ҳаётан муҳимми хоҷагидорӣ, ки дар маҷмуъ бо таъмини гармии хонаводагӣ ба сарфаи нерӯи барқ ва маблағҳои оилавӣ нигаронида шудааст бо дарки масъулияти шаҳрдӯстӣ фаъолона ширкат варзанд.