Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2016

Қарори   раиси шаҲри Душанбе №253  аз 23 сентябри соли 2016                                                                            

  Дар бораи даъват намудани иҷлосияи

           ҳафтуми Маҷлиси  вакилони  халқи

           шаҳри Душанбе даъвати  панҷум

 Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

     1. Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум 7 октябри соли 2016,  соати  800 дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  даъват карда шавад.

    2.  Ба рўзномаи иҷлосияи  ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасонӣ оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт».

2.2. Дар бораи риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ ва фозилоб, нерўи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ.

2.3. Дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кўча, майдон, хиёбон, боѓ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

        2.5. Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

          3. Оид ба омода намудани масъалаҳои рўзномаи иҷлосия гурўҳи корӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

4. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ тибқи ҷадвали замимагардида то 5 октябри соли 2016 бо интихобкунандагон вохўриҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо пешниҳодҳои мушаххасро ба гурўҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рўзномаи иҷлосияи  ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум манзур намоянд.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  бо  тартиби  муқарраргардида  муҳтавои   Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои   вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба гурўҳи корӣ манзур  созад.

 6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.    

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Гурӯҳи корӣ

оид ба омода намудани масъалаҳои рўзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати панҷум


ҶАДВАЛИ

баргузории вохўриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум бо интихобкунадагон дар ҳавзаҳои  интихоботӣ