Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 October 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе №241-7 аз 24.08 соли 2016

 

Дар бораи Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

оид ба тақвияти истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда

барои солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот №7/2с-22 аз 16 феврали соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Нақша-чорабиниҳои замимашудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба тақвияти истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда барои солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2.  Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. ва Мақсудзода Ш., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақша-чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, оид ба рафти иҷрои он ҳар семоҳа ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.

3.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. ва Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

                                                            М.УБАЙДУЛЛОЕВ