«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 October 2016

Дар бораи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

      Бо мақсади татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»

 

                            ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарӣ қарор дода шуда, дастраси шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои   таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳри Душанбе гардонида, татбиқи он таъмин карда шавад.

    2. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе оинномаи муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намояд.

         3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи  Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

       4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Лангариева Ҷ. С.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ