Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 October 2016

7 октябри соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия ба ҷуз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр ва масъулини сохторҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, худфаъолияти ҷамъиятию сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони фаъолони гуруҳи фейсбук, сомонаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ  ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои  ба он шомилгардида: 

- Дар бораи гузориши Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№14 ва 33;

- Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасонӣ оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе»;

 - Дар бораи риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ ва фозилоб, нерӯи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ;

-  Дар бораи номивазкунии як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе;

- Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе шуруъ намуданд.

Қабл аз ҳама вакилон бо шунидани гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Санавбар Раҳимова оид ба натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ба ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №14 ва 33, ки дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри  соли 2016 дар ҳавзаҳои интихоботии мазкур доир гардид, ваколати вакилии Сиёмардзода Сайдамирро дар ҳавзаи интихоботии №14 ва Муҳаббат Зариповаро дар ҳавзаи интихоботии №33 тасдиқ намуданд.

Сипас, дар идома тибқи баррасии масъалаҳои рӯзнома вакилон ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасониро оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» шуниданд.

Аз ҷумла, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ашӯрбег Расулов зимни гузориши худ афзуд, ки ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои бо Қарори зикрёфтаи Раиси шаҳр тасдиқгардида дар ҷаласаҳои ситоди шаҳрии соҳавӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷаласаҳои Ситод асосан тариқи сайёр дар ҳудуди ноҳияҳо ва сохторҳои марбута гузаронида шуданд.

Дар ин муддат дар соҳаи обтаъминкунии шаҳр  чорабиниҳои бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 ба нақша гирифташуда, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба пуррагӣ иҷро карда шуданд, аз ҷумла нақшаи захираи коагулянт барои такшон намудани об ва намак барои истеҳсоли гипохлориди натрий, ба ҳолати то 1 октябри соли равон ба миқдори 587 тонна, нисбати нақша 117 фоиз ва намак ба миқдори 480 тонна, ки  160 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

         Инчунин, тибқи нақшаи тасдиқшуда, чорабиниҳо ҷиҳати ба навбат қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз Истгоҳҳои      обтаъминкунӣ, барои гузаронидани корҳои таъмирию      профилактикӣ пешбинӣ гардиданд.  

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба омода намудани системаҳои ирригатсионӣ (каналу селпартоҳо ва ткшингоҳҳо) барои фаъолияти муътадили онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, тибқи ҷадвали тасдиқгардида иҷрои корҳо дар муҳлатҳои муайянгардида ҷараён  доранд.

Вобаста ба соҳаи роҳсозӣ ва омодасозии сохторҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 таъкид шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои бо Қарори мавриди таваҷҷӯҳи Раиси шаҳри Душанбе тасдиқгардида ба ҳолати то 1 октябри соли равон иҷрои тадбирҳои пешбинишуда дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида шуданд.

     Дар бахши таъмини чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳодисаҳои сӯхтор таъкид гашт, ки аз ҷониби Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо назардошти афзудани ҳодисаҳои сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ Нақшаи алоҳидаи санҷиши комплексии маҳаллаҳои аҳолинишин тартиб дода шуда, дар доираи он аз ҳисоби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо, кормандони идораҳои фурӯш ва назорати давлатии барқ коммисияҳои босалоҳият таъсис дода шудаанд. Комиссияҳои мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо ҷалби ҳайати шахсии қисмҳои тобеъ тибқи ҷадвали тасдиқшуда санҷиши маҳаллаҳои аҳолинишинро оид ба истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ гузаронида истодаанд.

         Дар натиҷаи санҷиш аз рӯи ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 102 протокол тартиб дода шуда, бо қарорҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳуқуқвайронкунандагон ба намуди ҷарима ба маблаѓи 20040 сомонӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Ѓайр аз ин, 97 қитъаи шабакаи барқ, ки дар ҳолати ҳавфи ба амал омадани сӯхтор қарор доштанд, безарар гардонида шуда, бо 53659 нафар сокинони маҳаллаҳои истиқоматӣ оиди риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

         Дар рафти санҷишҳо бо қарорҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор истифодабарии 132 иншоот ва 1544 ҳуҷраи алоҳида манъ карда шуда, 3050 қитъаи шабакаи барқи оташтаҳдидкунанда безарар гардонида шуд.

         Ѓайр аз ин, барои риоя ва иҷро накардани талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 4423 нафар роҳбарону шахсони масъул ва шаҳрвандон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба намуди ҷарима ба маблаѓи 1029640 сомонӣ татбиқ карда шудаанд. Аз маблаѓи зикргардида то имрӯз 961680 сомонӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид гардидааст, ки 93,3%-ро ташкил медиҳад. 

Дар иҷлосия, зимини ҳисоботи худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов зикр сохт, ки  корҳои сохтмонии бунгоҳи гармитақсимкунанда дар маҳаллаи 83-уми ноҳияи Сино аз тарафи Ширкати «TBEA» идома доранд. Айни ҳол дар бунгоҳ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба роҳ монда шуда, воридоти таҷҳизотҳо ба иншоот оѓоз гардидааст.

Дар Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе  иҷрои корҳои омодасозии техникӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида идома дошта, таъмири ҷории 12 адад дегхонаҳо, 100 фоиз нисбати нақша, таъмиру азнавсозии шабакаҳои гармидиҳӣ (хатҳои гармидиҳӣ) – 61,6 км, 85 фоиз нисбати нақша, таъмиру азнавсозии пунктҳои гармидиҳӣ (бойлер) 3 адад, 75 фоиз нисбати нақша, таъмиру азнавсозии истгоҳҳои насосӣ 21 адад, 50 фоиз нисбати нақша ва таъмиру барқарорсозии чоҳҳои амудӣ ба миқдори 1031 адад, 80 фоиз нисбати нақша ба анҷом расонида шуданд.

Ҳамзамон, вобаста ба нақшаҳои пешакии истеҳсоли нерӯи гармӣ дар манбаъҳои гармиистеҳсолкунии ШСХК “Барқи Тоҷик”, Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе бо инобати ба фаъолият оѓоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии №2 (МБГ-2) омодасозӣ ва интиқоли нерӯи гармӣ барои 1242 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла 1082 биноҳои бисёрхонагиро ба нақша гирифтааст,ки корҳои омодасозии онҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо идома доранд.  

Зикр ёфт, ки дар умум аз 1242 иншооти ба нақша гирифташуда 812 иншоот (65,4%) барои дастрас намудани шиносномаи тайёрӣ омода карда шудаанд, аз ҷумла:

-       биноҳои истиқоматӣ – аз 1082 адад 696 адад (64,3%);

-       мактабҳо – аз 30 адад 24 адад (80,0 %);

-       кудакистонҳо – аз 22 адад 15 адад (68,2%);

-       муассисаҳои тандурустӣ – аз 19 адад 19 адад (100%);(?)

-       дигар ташкилоту идора – аз 89 адад 58 адад (65,2%).

Тибқи нақша санҷиши гидравликии қисми иншоотҳо барои дастрас намудани шиносномаи тайёрӣ идома дорад.

Вобаста ба ҷараёни омодасозии бинову иншоотҳо қайд шуд, ки соли равон корҳои омодасозӣ ва санҷиши минбаъдаи биноҳо барои дастрас намудани шиносномаи тайёрӣ барои қабули гармӣ дақиқ ва қатъӣ ба роҳ монда шудааст. Зеро дар мавсими гармидиҳии дарпешистода, ба минтақаҳои алоҳидаи шаҳр, ки солҳои тӯлонӣ нерӯи гармӣ намегирифтанд, интиқоли гармӣ пешбинӣ гардидааст.

Вобаста ба ин, гурӯҳҳои корӣ ва бригадаҳои алоҳида таъсис дода шуда, корҳои омодасозиву санҷишии иншоотҳои гармиқабулкунанда тариқи ҳамоҳангии доимӣ бо раисони ноҳияҳо ва сохторҳои марбута идома дорад ва то оѓози мавсими гармидиҳӣ корҳои мазкур ба анҷом расонида мешаванд.

           Бо хулоса аз ҳисоботҳои шунида, дар иҷлосия Маҳмадсаид Убадуллоев қарор қабул намуд, ки баҳри таъмини иҷрои сартосарии муқаррароти Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр - сарпарастони соҳаҳо, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои муҳандисию коммуналии шаҳр бо ҷалби соҳибмулкони бинову иншоотҳо барои қабули гармии мутамарказ ва дар маҷмуъ омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ тадбирҳои бетаъхири муассирро роҳандозӣ намоянд.

            Дар иртибот ба ин  дастур гардид, ки ситодҳои шаҳрию ноҳиявии соҳавӣ фаъолияташонро пурзӯр намуда, ҳамарӯза ҷамъбасти фаъолияташон дар сатҳи ноҳияҳо ва ҳафтае як маротиба дар сатҳи Раиси шаҳр ҷамъбаст карда шавад.

           Инчунин, муқаррар карда шуд, ки зарфияти ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ин сабқат сафарбар гардида,  ҳар ҳафта аз фаъолияти анҷомдодаи онҳо унвонии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе маълумот манзур карда шавад.

           Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия, дар бораи риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ ва фозилоб, нерӯи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, вакилон  гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзодаро шуниданд.

           Мавсуф зикр намуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои салоҳиятдори шаҳрӣ солҳои оҳир ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

           Аз ҷумла, дар доираи тадбирҳои шаҳрдорӣ системаи амалкунандаи қайди арзу муроҷиатҳои сокинони шаҳр ба таври хаттиву шифоҳӣ, тавассути шабакаҳои интерактивии интернетии «Мо метавонем», «Бемиёнаравҳо», сомонаи dushanbe80@yahoo.com, телефонҳои боварии шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳр, телефонҳои боварӣ дар субъектҳои монополияи табиӣ, аз қабили телефони боварии шабонарӯзии КВД «Обу корези Душанбе», Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, аз зумраи тадбирҳое мебошанд, ки баҳри расидагӣ ба мушкилоти сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва бартараф намудани камбудиҳои ба вуҷудомада дар самти хизматрасониҳои таъминот бо барқ, нерӯи гармӣ, оби ошомиданиву фозилоб, саривақт баровардани партовҳо, тозагию озодагии гирду атрофи биноҳо ва дигар масъалаҳои маишиву маданӣ таъсис дода шудаанд, ки ба фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуда, дар ин замина иловатан тадбирҳои заруриву ба шароити замони муосир мутобиқ андешида мешаванд.

         Таъкид шуд, ки илова бар он бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №218-2 аз 14 апрели соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе» баҳри тақвият бахшидан ба таъмини чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Шӯрои мазкур  амал намуда истодааст.

         Бо инобати натиҷагирӣ аз фаъолияти суъбектҳои монополистӣ баҳри таҳкими тадбирҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз прокуратураи шаҳр ва ноҳияҳои он дархост намуд, ки воқеияти корбарӣ ва хизматрасониҳоро бо муштарин аз ҷониби субъектҳои зикрёфта мавриди санҷиш қарор диҳад. Ҳамзамон аз кулли истифодабарандагони хизматрасониҳои коммуналӣ тақозо кард, ки тавсассути бастани шартномаҳои дуҷониба оид ба ҳифз ва риояи ҳуқуқҳояшон масъултар бошанд.

Дар иҷлосия вакилон номгузории баъзе кӯчаҳои шаҳрро таѓйир доданд. Аз ҷумла, кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба номи арбоби давлатӣ Изатулло Ҳаёев иваз намуда, Қарорҳои дар фосилаи иҷлосияҳо қабулкардаи Раиси шаҳри Душанберо тасдиқ намуданд.

Ҳамзамон дар иҷлосия баҳри таҳкими тадбирҳо оид ба риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қаламрави шаҳр аз ҳисоби  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе комиссияи босалоҳияти муваққатии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев вакилон ва кулли фаъолони шаҳрро баҳри тавсеа ва тақвият бахшидани  фаъолияти пайвастаю пайгиронаи муттасил дар самти татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрдорӣ, ки оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи сокинони пойтахт нигаронида шудаанд, даъват карда, аз ҳамагон тақозо намуд, ки ҷиҳати комёб шудан ба дастовардҳои нав ба нав дар ҷодаҳои зикршуда ва ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ ва ваҳдати ҷомеа беш аз ҳарвақта саҳмгузор бошанд.