Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2016

Шоми 12 октябри  соли 2016  дар доираи баргузории Форуми панҷуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия В.И.Матвиенко бо ҳайати Шӯрои Федератсия бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Валентина Матвиенкоро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол гирифт.

Субҳи 13 октябр, тибқи барномаи сафар хонум Валентина Матвиенко дар пояи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонии Маҷмааи меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон гулгузорӣ намуд, ки дар ин ҷараён мавсуфро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳӣ  кард.

Сипас, дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» мулоқоти хонум Валентина Матвиенко бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки дар он  вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

            Нимаи дуюми рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ба кори  ҷаласаи пленарии Форуми панҷуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» оғоз бахшиданд, ки дар он сараввал паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ қироат карда шуд.

Дар ин ҳамоиш Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко бо маърӯзаҳо, ки  баҳри амалисозии сиёсат ва ҳадафҳои созандаи Сарварони кишварҳо нигаронида шудаанд, баромад намуда, ҷиҳати идомаи кори Форум дар  се мизҳои мудаввар, ки фарогири баррасии масъалаҳои «Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байниминтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия», «Танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини  сафарбарсозии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия» ва «Мусоидат ба рушди минбаъдаи робитаҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия» буданд, ба ширкаткунандагон фаъолияти пурсамар таманно намуданд.

Ҳамзамон мулоқоти расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия В.И.Матвиенко бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ бо пазиройии самимӣ ҷараён ва густариши ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россияро, ки аз умқи асрҳо миёни халқу кишварҳо ибтидо мегирад, нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки дар партави муносибатҳои ҳасанаи роҳбарони давлатҳо вақт тақозо менамояд, ки тавассути ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар заминаи тавсеаю тақвияти қонунгузорӣ баҳри таъмини шароити зарурӣ оиди таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама сафарбарнамоии сармояи мустақими Федератсияи Россия дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар самти  таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи бозори истеъмолии ҷонибҳо, содироти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон ба субъектҳои Федератсияи Россия беш аз ҳарвақта ва дастаҷамъона вусъат бахшем ва ташрифи феълӣ собитгари талаботи замони муосир мебошад.   

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россияро барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, оид ба маротиб зиёд намудани курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳида, ки майли дар Федератсияи Россия кор карданро доранд ва дар онҳо мутахассисони рус ба таълим машғул бошанд, масълагузорӣ намуд.

Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои амалисозии тадбирҳои муштарак  оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мубрами замон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иртибот ба роҳандозии тадбирҳои иловагӣ баҳри сифатан нав ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар табодули андешаи судманд сурат гирифт.

Дар ин росто, баҳри густариши воқеии робитаҳои байнипарламентӣ пурзӯр намудани фаъолияти Комиссияи байнипарпламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллиро  ҳадафманд шуморида, афзуд, ки дар сатҳи ҷадиду муассир эҳё гардидани фаъолияти институти равобити байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия -  Форуми байнипарламентии “Тоҷикистон- Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ”  мувофиқ ба мақсад мебошад.

Хонум Валентина Матвиенко аз пешниҳодоти ироагардида ҷонибдорӣ карда, зикр сохт, ки тамоми таҷриба ва имконоти парламентҳо дар фазои ҳуқуқӣ баҳри такони амалисозии  созишномаҳои байниҳукуматию дар доираи Форумҳои байнипарламентии “Тоҷикистону Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” баимзорасида равона хоҳад шуд.

Бо анҷоми мулоқоти самимӣ ва пурмаҳсул бо Маҳмадсаид Убайдуллоев  хонум Валентина Матвиенко инчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вохӯрӣ доир намуд.

Пас аз анҷоми мулоқотҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев  ва Валентина Матвиенко дар ҷаласаи ҷамъбастии Форум ширкат варзиданд.

Дар он бо инобати хулосаи масъалаҳои барррасишуда дар мизҳои мудаввар ҳуҷчати интиҳоии Форум қабул гардид, ки баҳри пешбурди назорати амалисозии онҳо аз ҳар ду ҷониб комиссияи муштараки босалоҳият таъсис дода шуд, ки минбаъд муваззафанд ба раисони парламентҳо мунтазам аз ҳолати иҷрои санадҳо ахбор манзур созанд. Ҳамзамон қарор гардид, ки зери назорати  Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия шурӯъ аз соли таҳсили 2017-2018 масъалаи таъминоти мактабҳои русии Тоҷикистон бо китоб ва ашёи таълимӣ роҳандозӣ гардида,  лоиҳаи пилотии таври доимӣ яксола аз ҳар субъекти Федератсияи Россия сафарбарсозии як нафарӣ омӯзгорон ба мактабҳои русии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 Инчунин муқаррар карда шуд, ки Форуми шашуми байнипарламентии “Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” дар Федератсияи Россия доир карда шавад.  Ҳамзамон Валентина Матвиенко аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба миён овард,ки дар ин зимн ба Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом диҳад.

Дар интиҳо, аз натиҷаи Форум  Маҳмадсаид Убайдуллоев ва хонум Валентина Матвиенко бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқоти якҷоя анҷом дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.