Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 October 2016

 17 октябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр доир гардид.

Дар радифи масъулини шаҳрдорӣ, дар он раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр бо муовинонашон, роҳбарони хадамоти марбутаи шаҳрии назорати давлатӣ, сохторҳои муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ, ташкилоту идораҳои давлатии муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, мудири Раёсати шаҳрӣ ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо, сардухтурони муассисаҳои тандурустии шаҳр ва  директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ширкат варзиданд.

Дар иртибот ба ин, дар ҷаласа муқаррар карда шуд, ки масъалаи иҷрои нақшаҳо оид ба захираи анвои лозимии маҳсулоти истеъмолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017  дар КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои коммуналию хусусӣ, таъмини сатҳу сифати зарурии хизматрасониҳо ва бо либосҳои ягонаи тасдиқгардида ба роҳ мондани фаъолияти фурӯшандагон дар тамоми бозорҳову марказҳои савдои  шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ зери назорати қатъии комиссияҳои депутатии Маҷлисҳои вакилони халқи  шаҳр ва ноҳияҳои он, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр қарор дода шавад.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ҳамзамон ба ҳолати омодагии кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии пешорӯ равона гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи соҳавии шаҳрию ноҳиявӣ, дастур гардид, ки воқеияти корҳои ҷараёнгирифта аз ҷониби муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи  шаҳр мутаносибан ба ноҳияҳо вобасташуда субҳи душанбеи ҳар ҳафта то Наврӯзи соли 2017 дар ҷаласаи назоратии Раиси шаҳр мавриди баррасии амиқ қарор дода мешавад.

Роҳбарони сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил вазифадор гардиданд, ки сафарбарсозии сарчашмаҳои моддию молиявии сокинони шаҳрро барои омодасозии манзилҳои зисташон ҷиҳати қабули гармии мутамарказ ба роҳ монанд ва таблиѓи воқеияти сарфабахшии онро ба буҷети оилавӣ тавассути таҳия ва пахши роликҳои телевизионӣ ва варақаҳо дар байни аҳолӣ вусъат бахшанд.

Масъулини соҳаи тандурустию маориф муваззаф карда шуданд, ки бо тадбирандешии комил баҳри пайвастаю пайгирона баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, донишомӯзӣ ва тарбияи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар татбиқи нақшаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳи соли равон ва зимистони соли оянда, ҳолати таъминоти иншоотҳои табобатию профилактикӣ, мактаб-интернату хонаҳои кӯдакони зертавозун чораҳои мушаххас андешанд ва равандҳои зикршударо зери назорати доимӣ  қарор диҳанд.

Дар иртибот ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шаҳр дар ҷодаи барқистифодабарӣ ва роҳандозии муносибати сарфакорона аз ҷониби онҳо, дар ҷаласа ба муовини якуми Раиси шаҳр Ашӯрбег Расулов, муовини Раиси шаҳр Шакарбек Самадов,  роҳбарияти ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ва КВД «Обу корези Душанбе» супориш дода шуд, ки дастрасии муштариёнро бо барқу об ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи онҳоро аз тарафи истеъмолкунандагон таъмин созанд.  

Ҳамзамон ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ қарор карда шуд, ки шуруъ аз 1 ноябри соли 2016 фаъолияти фаввораҳо дар ҳудуди шаҳр қатъ карда шавад.

 Дар ҷаласа, инчунин дигар масъалаҳои  мубрами шаҳрдорӣ, бахусус баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар тамоми соҳаҳо, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, истифодаи таъинотии маблаѓҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андоз ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, дастгирии ҳамаҷонибаи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторӣ, каналу селпартоҳо, коркарди санитарии дарахтон ва фаъолияти  нақлиёти ҷамъиятӣ, матраҳ карда шуданд.