Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 October 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 244-4 аз 31.08. 2016с.

Дар бораи  муваққатан қатъ намудани интиқоли                 оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣӣ» ва «Кофарниҳон»   

 

                

       Бо мақсади  гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти     № 132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

             1. Нақша-чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои  бо навбат  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 тасдиқ карда шавад.

             2.  Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмир ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ  дар истгоҳҳои обтозакунии:

 

I. Истгоҳи обтаъминкунии «Кофарниҳон»:

-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2,  61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Абдуллоев Нажмиддин;

-ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ-аз бинои саристгоҳи роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон, Комбинати коркарди чӯб аз соати 22-00 рӯзи 26 то соати 24-00 рӯзи  27 октябри  соли 2016 қатъ мегардад.

 

II. Истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»:

 

-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65 ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ;

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, аз соати 22:00 рӯзи 2 то  соати  24:00 рӯзи 3 ноябри  соли 2016 қатъ мегардад.

 

III. Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»:

-ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои                      П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1то 77;

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои  Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол Қазоқон-1,2 ва Қарамиршикор, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1, 2, Испечак 1, 2, Муҳандис ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

-ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, кӯчаи Миралӣ, 23, 24 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 22-00 рӯзи 9 то соати 24-00 рӯзи  10 ноябри  соли 2016 қатъ мегардад.

 

IV. Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ»:

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, Кохи Наврӯз ва кӯчаи Варзишгарон;

-ноҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон аз соати 16-00 рӯзи 16 то соати 24-00 рӯзи  17 ноябри  соли 2016 қатъ мегардад.

       

            3.  Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

                 4.   Раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ – Табарзода Ҷ.А., Шоҳмансур – Сиёмардзода С., Сино– Ализода С.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз автомобилҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

            5.             Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор дихад.

            6.            Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

              7.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Расулов А.Р. гузошта шавад.

                                                                                               

М. УБАЙДУЛЛОЕВ