Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 November 2010

Аввалин маротиба дар таърихи парламентаризми Тоҷикистон ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати спикерҳои Палатаҳои Лордҳо ва Обшини парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Баронесса Хейман ва  ҷаноби Ҷон Берков, ба шаҳри Лондон сафар менамояд.

Ин сафар аз 14 то 20 ноябри соли равон таҳти сарварии  Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сурат мегирад.

 Зимни бозид аз Парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи барномаи сафар, аз ҷумла  бо спикери Палатаи Лордҳо хонум Баронесса Хейман, спикери Палати Обшин ҷаноби Ҷон Берков, муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ҷаноби Сайман Фрейзер,  Гурӯҳи парламентӣ оид ба Афғонистон ва Кумита оид ба корҳои мудофиаи парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқотҳо анҷом дода, бо боздид аз Маркази оид ба Осиёи Марказӣ  ва мактаби омӯзиши Шарқ ва Африқои Донишгоҳи Лондон, ҳамзамон  дар форуми Гурӯҳи Осиёи Марказии савдо, тиҷорат ва сармоягузорӣ (CATBIG)  иштирок карда, бо доираи cармоягузорон ва институтҳои сармоягузорӣ вохӯриҳо доир менамояд.

Дар ин сафар Маҳмадсаид Убайдуллоевро аъзоёни Маҷлиси миллӣ - Нуриддин Саидов, Зарина Раҷабова, Қобиламо Ғуломшоева, вакилони Мачлиси намояндагон Рустам Латипов  ва Маҳмадшариф Нозимов ҳамроҳӣ менамоянд.