Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 November 2016

   Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва баргузор намудани таҷлили 100 - солагии зодрӯзи устоди санъати касбии рақсии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250 - солагии донишманд, мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ ва 1150 - солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ

 

   Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №269 аз 1 июли соли 2016 «Дар бораи таҷлили 100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии рақсии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии донишманд, мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ», эҳёи арзишу мероси бузурги илмию таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳанги тоҷикон ва тамаддуни мардумони Шарқи Миёнаю Наздик, тарбияи маънавӣ, таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ дар марҳилаи нави таърихӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву бадеӣ омода ва баргузор намудани ҷашнҳои зикршуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 171 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

     1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва баргузор намудани таҷлили 100 - солагии зодрӯзи устоди санъати касбии рақсии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии донишманд, мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ тасдиқ карда шавад.

        2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иҷрои Нақшаи чорабиниҳои зикршударо таъмин намоянд.

         3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ таъмин созад.

  4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри  Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

М.  УБАЙДУЛЛОЕВ 

 

                                                                                                                                                                                     Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№245-2 аз 01.09. 2016

Н А Қ Ш А И

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва баргузор намудани таҷлили 100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии рақсии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии донишманд ва мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ  ва 1150 - солагии зодрӯзи  олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ

 

 

 №

Номгӯи чорабинӣ

Муҳлати иҷро

Мутассадӣ

  1.

Баргузор намудани силсилаи вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва шабҳои эҷодӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ  

сентябр- октябри

соли 2016

Шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, раёсатҳои маориф, кор бо занон ва оила, чавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр

  2.

Баргузор намудани конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти осори донишмандони тоҷику - форс дар  асрҳои миёна ва тамаддуни муосир»

октябри

соли 2016

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  3.

Доир намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва устодони санъати тоҷик дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ

нимаи дуюми моҳи октябри соли 2016

Шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр

  4.

Баргузор намудани озмунҳои фаннӣ дар байни хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ

сентябр- декабри соли 2016

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр

  5.

Ташкил намудани намоишгоҳи китобҳо доир ба рӯзгор ва эҷодиёти устоди санъати касбии рақсии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, донишманд ва мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ, олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

сентябр - ноябри соли 2016

 

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр

 6.

Таҳия ва гузоштани намоишномаҳои бадеӣ бахшида ба чорабиниҳои зикршуда аз ҷониби театрҳои таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва намунавӣ-минётурии «Ойина»

сентябр -декабри

соли 2016

Шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80», Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов» ва Театри намунавӣ-минётурии «Ойина»

 

  7.

Тарғиб намудани ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ,  инъикоси раванди корҳои омодагии таҷлили зодрӯзи устоди санъати касбии рақсии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии донишманд ва мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ, 1150-солагии олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ аз тариқи васоити ахбори оммаи шаҳрӣ

доимӣ

Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе», Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»