Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 November 2016

 Масъалаи  ҷалби мутахассисони лаёқатманд, аз ҷумла аз ҳисоби бонувон дар корҳои роҳбарию хизмати давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои мурбутаи чун ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор дорад.  

Бо қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳайати роҳбарикунандаи яке аз шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои зидахли шаҳрӣ як зумра тағйироти кадрӣ андешида шуданд.

Мутобиқ ба онҳо Абдунабизода Шаҳло Абдунабӣ аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» озод ва ба мансаби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 26 октябри соли 2016 таъин карда шуд.

Сулаймонӣ Парвина Саидраҳмон  бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Гулмирзоев Алидод Шарифович аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо хоҳиши худ озод карда шуда, Ватанова Шаҳло Ҳасановна ба вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  аз 3 ноябри соли 2016 таъин гардид.