«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 November 2016

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 192  аз 8 ноябри соли 2016

 

                   Оид ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.       Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба 16 ноябри соли 2016 таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2.       Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои номбурдаро таъмин намоянд.

3.       Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин созад.

4.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С.   гузошта шавад.                                              

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

НАҚШАИ

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе  оид ба омодагӣ ва 16 ноябри соли 2016 таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе