Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 November 2016

11 ноябри соли 2016 дар доираи баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар пойтахт, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Бунёди “Роҳи абрешим” –и Ҷумҳурии халқии Хитой ҷаноби Шао Чанчун ва Мушовири Раиси Ҷумҳурии халқии Хитой оид ба масъалаҳои бехатарӣ ҷаноби Ченг Гуопингро бо ҳайати меҳмонон ба ҳузур пазируфт.

         Зимни мулоқот бо сипосгузорӣ аз пазиройии самимӣ ҷаноби Шао Чанчун ба Маҳмадсаид Убайдуллоев мужда расонд, ки шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳрҳои баргузидаи ҷаҳонӣ, аз қабили Рим (Италия), Афин (Гретсия), Ашхобод (Туркманистон), Боку (Озарбойҷон) ва Бишкек (Қирғизистон) бо раъйи кулли хайати ҳакамони озмуни ҷаҳонӣ  ба Ҷоизаи  «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди  “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд.

         Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён, гуфтугўи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ  бо Ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд ва умед аст, ки дар ин самт шаҳрдории Душанбе ва сокинони он, минбаъд низ иқдомоти беназири оламшумул анҷом медиҳанд.

         Сипас, ҷаноби Ченг Гуопинг – Раиси Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» дар ваъзияти тантанавӣ ҷоизаи зикршударо ба Раиси шаҳр супорид.

         Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сипосмандӣ, ин арзёбии  Бунёди  “Роҳи абрешим” ва ҳайати ҳакамонро бобати дар радифи дорандагии Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО сарфароз гардонидани шаҳри Душанбе ба Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди “Роҳи абрешим” самараи заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорию пайравии бесобиқаи сокинони пойтахт ва аҳли ҷомеа аз ин сиёсат маънидод намуда, афзуд, ки шарафёбии навбатӣ бешубҳа аз роҳбарияти шаҳр ва сокинону институтҳои шаҳрвандии пойтахт масъулияти бештарро дар фаъолияти пайвастаю пайгирона барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан дар фазои дарк ва таъмини волоияти қонун  тақозо менамояд.

         Дар ин ҷода тамоми тадбирҳо андешида хоҳанд шуд, ки шараф ва обрўю мартабаи шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо таъмини рушди босубот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеа дар фазои сулҳу ваҳдат ҳифз карда шавад.

         Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба фарҷом расид.