Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 November 2010

15 ноябри соли 2010 Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Махмадсаид Убайдуллоев дар доираи аввалин сафари хайати парламентии Точикистон ба парламенти Шохигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимоли  нахуст бо Котиби Генералии Гурухи Британиявии Иттиходи Байнипарламенти чаноби Кеннет Куртней мулокот анчом дода, бобати  хамкорихои минбаъдаи байнипарламенти табодули назар намуданд.

Чаноби Кеннет Куртней аз ташрифи хайати бонуфузи парламенти Точикистон изхори сипосманди намуда, таъкид дошт, ки миёни кишвархои Осиёи Маркази парламентархои Точикистон аз аввалинхо мебошанд, ки барои густариши равобит ба парламенти Шохигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимоли даъват шудаанд ва ин сафар барои тавсеаи муносибатхои мутакобилан судманди байнипарламенти заминахои устувор хохад гузошт. Барномаи сафари хайат имкон хохад дод, ки доираи масоили фарогири хамкорихо, ки дар асоси Меморандуми амалкунанда миёни Гуруххои дустии байнипарламентии чонибхо мавриди татбик карор мегиранд, ба сатхи чавобгуи потенсиали парламентхо оид ба баровардагии ниёзхову робитахои байнихукумати созгор гарданд ва дар ин самт чониби Британияи Кабир омодааст дар амалишавии ин хадафхои нек тадбирхои вокеи андешад.

Бо анчоми ин дидорбинии судманд худи хамин руз Махмадсаид Убайдуллоев ва хайати хамрохонашро Спикери Палатаи Лордхо  хонум Баронесса Хейман ба хузур пазируфт.

Зимни мулокоти самими чонибхо аз фарохам омадани муносибатхои байнипарламенти дар сатх ва шакли нави хамкорихо изхори каноатманди намуда, таъкид доштанд, ки тачрибаи харду чониб барои идомаву рушди муносибатхо нек омузанда мебошад.

Хонум Баронесса Хейман кабл аз хама афзуд, ки дар чахорчубаи сафар хайати бонуфузи парламенти Точикистон имруз нахуст дар мехмонии Палатаи Лордхост ва онхо дар ин фоли некро мебинанд то муносибатхои байнипарламенти ба таквияти робитахои хасанаву пурсамари байнихукумати ибтидои пурарзиш гузоранд.

Баронесса Хейман дар чараёни мулокот бо Точикистон ва барномахои созандаи коммуникатсиони, гидроэнергетики ва иктисодиву тичоратии он, ки дар асоси риояву эхтиром аз принсипхои арзишхои умумибашари бо собитгарии асоснокии илми бахри дастрасии шахрвандонаш ба манбаи рушноиву гарми, рушди институтсионалии тамоми хочагии халк нигаронида шудаанд, афзуд, ки кадамхои Точикистон дар расидан ба ин хадафхо комилан сохибихтиёрист ва дилхох рохбар ва ё давлат бояд талош варзад, ки некуахволии шахрвандонаш пайваста бо хама имкониятхои вокеи таъмин бошад.

Инчунин бар он таъкид намуд, ки Британияи Кабир новобаста аз тавсеаи хамкорихои мустаким бо Точикистон, инчунин бар он умед мебандад, ки дар халли казияи Афгонистон  ва таъмини суботу осоиштагии мардуми ин кишвари чангзада барномахои максадноки муштаракро руи кор оварда, ба нуфузёбии терроризму экстремизми фаромарзи дар минтака ва чахон сад гузошта шавад.

Махмадсаид Убайдуллоев  бо сипосманди аз мавкеъ ва андешахои иброздоштаи хонум Б. Хейман зикр намуд, ки имруз бо истифода аз вокеияти муносибатхо зарурате пеш омадааст, ки парламентхо бо ташкили кулли заминахои хукуки барои хамкорхои байнихукумати потенсиали хешро бештар сафарбар намоянд. Зеро фазои тавлидаи конунгузории кишвархо имкон медихад, ки робитахои хукумати  низ дар ин самт бо баимзорасонии Созишномахои чавобгуи манфиатхои тарафайн тавре вокеияти имкониятхо такозо доранд фаъол бошанд. Дар ин маврид парламенти Точикистон омодааст бо истифода аз тачрибаву нуфузи парламентархои Британияи Кабир барои вусъати чараёни баимзорасии Созишномахои муфиди байнихукумати тадбирхои мушаххас бианчомад, ки он бо каноатманди пазируфта шуд.

Дар фарчоми боздиди самими Махмадсаид Убайдуллоев аз хонум Баронесса Хейман бобати мулокоти пурмухтаво ва рохандозии анчоми ин сафар бори дигар сидкан арзи сипос карда, зимнан даъват намуд, ки дар вакти барояш муносиб аз Душанбе расман боздид анчом дихад.

        Сипас, хайат чихати шиносои аз тартиб ва меъёрхои конунгузории Британияи Кабир бо  рохбари бахши равобити хоричии Палатаи Обшин чаноби Марк Хаттон сухбати пажухиши доир намуд.

         Тибки маъмули чун британихо зимни зиёфатхо дар сари дастурхон мавзуъоти мубрамро барраси мекунанд, бо риоят аз ин таомул  Махмадсаид Убайдуллоев ба хангоми хуроки нисфирузи бо теъдоди зиёди лордхо ва дигар парламентархои Британияи Кабир , ба хусус Лорд Вейверли, Лорд Андерсон ва ноиби Спикери Палатаи Обшин чаноби Нигел Эйванс сухбатхои хоса оид ба рушди робитахои парламенти анчом дод.

         Нимаи дуюми 15 ноябр хайати парламентии Точикистон тибки барномаи фарханги аз Осорхонаи Британия, ки дар асл махзани таъриху тамаддуни башарист дидан намуд. Аз чумла бо намоишгохи бозёфтхои «Хазинаи Амударё», ки дар ин осорхона чой дода шудааст, шинос шуд. Хамзамон Махмадсаид Убайдуллоев зимни бардоштхо аз офаридаву таърихи тамаддуни башари масоили хамкорихои Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии Академияи илмхои Точикистон ба номи Ахмади Донишро бо Осорхонаи Британия матрах сохт, ки аз хар ду чониб   масъули идомаи равобит мушаххас гардид.

           Ёдовар бояд шуд, ки «Хазинаи Амударё» аз мавзеи Тахти Сангини нохияи Кубодиён дарёфт гардида, бо амри такдир имруз дар Осорхонаи Британия ба маърази тамошои чахонин гузошта шудааст.

          Инчунин дар фарчоми барномаи фарханги хайати парламентии Точикистон аз мавзеи дустдоштании ин шахр, ки бо номи «дидгохи Лондон»  бо баланди 135 метр дар сохили дарёи Темза  чойгр шудааст, дидан намуда,  бо шомгохи Лондон ва зебогихои он аз наздик ошно гардид.