Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 November 2016

 

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 293 аз 17  ноябри соли 2016

Дар бораи  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш D-600мм, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров 

 

 

Бо мақсади муваққатан пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон D-400мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади ӯзбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ѓарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои аз 1,2 то 1,9 хиёбони Н.Махсум», бо инобати муроҷиати Филиали Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян Бейсин» ЛТД №1А/781 аз 8 ноябри соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

           1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  ва Филиали Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян Бейсин» ЛТД барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш D-600мм, воқеъ дар кӯчаи Б.Ѓафуров тасдиқ карда шавад.

           2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни  иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ  дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Испечак-1, Қазоқон-1 ва маҳаллаҳои 92 (қисман), 82, 101, 102 (пурра), аз соати 0400 то соати 1800 рӯзи 19 ноябри соли 2016 қатъ мегардад.

           3. Аз сокинони маҳаллаҳои мазкур хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

               4.   Раиси ноҳияи Сино Ализода С.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз автомобилҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

        5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ  таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

        6.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

          7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Расулов А.Р. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ