Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 November 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №294 аз 17.11.2016

Дар  бораи  тасдиқи ҷадвали  навбатдории шабонарӯзӣ  аз ҷониби  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи    маҳаллии    ҳокимияти     давлатӣ дар  шаҳри  Душанбе  ва ноҳияҳои он

 

Бо  мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр ва зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он  ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳо дар сохторҳои марбутаи дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар мавсими зимистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Баҳри таъмини назорати пайгиронаю вокуниши фаврии сохторҳои марбутаи хизматрасонии ноҳиявию шаҳрӣ ва  соҳибкории  дар  ҳудуди  шаҳри  Душанбе  фаъолияткунанда аз  18  ноябри  соли  2016  то   26  марти  соли  2017 ҷадвали замимагардидаи навбатдории шабонарӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тасдиқ ва назорати иҷроиши он ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

      2. Муқаррар карда шавад, ки  ҳангоми навбатдории шабонарӯзӣ дар ин давра   шахсони  мансабдор   барои  мусоидат   намудан  баҳри   ҳаллу фасли фаврии ҳар як мушкилоту  ниёзмандиҳои сокинони  шаҳр дар сохторҳои  марбутаи дар ҳудуди шаҳри Душанбе  фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ,   масъулияти шахсӣ доранд.

     3. Аз Ширкати cаҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» хоҳиш карда шавад, ки дар давраи муқарраршуда  бо  ташкили навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои он   дар  шаҳри Душанбе  ҷиҳати  қабули  муроҷиатҳои  шаҳрвандон дар робита  бо  беҳбуд  бахшидани  хизматрасониҳо оид ба  таъмини  нерӯи  барқ, истеҳсол ва дастрас намудани гармӣ тавассути Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи  «Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳӣ», Маркази барқу гармидиҳии №2, дегхонаҳои  «Ѓарбӣ» ва «Шарқӣ» ва ҳаллу фасли  саривақтии  дархосту  ниёзмандиҳои  аҳолӣ, ки  ба салоҳияташон  дохил мешавад, чораҳои  мушаххас андешида, тавассути воситаҳои ахбори  омма воқеиятро ба иттилои мардум расонанд.

    4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.), муассисаҳои   давлатии рӯзномаи  «Паёми   Душанбе»  (Ш.Ҳусейнзода) ва «Телевизиони Пойтахт» (Саидов Ш.) тавассути воситаҳои ахбори омма, сомона ва расонаҳои хабарии электронии «Мо метавонем», «Бе миёнаравҳо» муҳтавои Қарори мазкурро  ба сокинони шаҳри Душанбе расонанд.

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

ҶАДВАЛИ навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017