Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 November 2010

16 ноябри соли 2010 дар идомаи сафари кори хайати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бо сарварии Махмадсаид Убайдуллоев тибки барнома бо таърих ва фаъолияти парламенти Шохигарии Британияи Кабир ва Ирландалияи Шимоли зимни боздид аз тамоми толорхои мухташами он шинос гардид. Дар ин амалкард хайатро аъзои парламент- муовини вазири маорифи Британияи Кабир Тим Лоутон рохнамои кард.

Сипас, мулокоти Махмадсаид Убайдуллоев бо хайати Кумитаи корхои байналхалкии парламенти Шохигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимоли бо сарварии чаноби Майк Гейпс сурат гирифт, ки дар он хамзамон Лорд Вейверли ширкат намуд.

Дар чараёни мулокот чонибхо масоили рушди робитахои байнипарламентиву хукумати ва дурнамои хамкорию вазъияти Афгонистон ва роххои фурунишонии оташи чанг дар ин сарзаминро аз нигохи вокеият ва вакт барраси намуданд.  

Пеш аз хама таъкид гардид, ки сафари мазкур дар низоми хамкорихои мутакобила заминахои эътимодиро таквият бахшид ва дар асоси пешниходи Точикистон баррасии Созишномахои байнихукумати оид ба хамкорихои иктисодию илми-техники, кадргардони ва химояи дучонибаи сармоя, пархез намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркаши аз пардохти андозхо аз даромад ва сармоя  вусъати тоза касб менамоянд ва чонибхо дар баимзорасии онхо шубха надоранд ва парламентархо вобаста аз имкониятхои мавчуда мусоидати хешро бештар равона месозанд.

Бо дахли масоили Афгонистон, ки дар Британия таваччухи хоса зохир карда мешавад, Раиси Мачлиси милли таъкид намуд, ки казияи Афгонистон бо рохи харби халли худро нахохад ёфт ва танхо мусоидат ба рушди сохаи маориф ва фарохам овардани шароит ба дастрасии мардуми Афгонистон ба маълумот ва донишхои дуняви, ки камбуди савод ва дониши казои  боиси идомаи чанг гардида,  мардум аз ноогохи ва бесаводи маънии хастии худро тўли чанги 30-сола дар истифодаи ярок дидааст, метавонад аз омилхои муассир бошад.

     Дар мачмуъ рушди инфрасохтории Афгонистон, ташкили низоми оддитарини истехсолот ва чалби мардум ба фаъолияти иқтисодии конуни, сохтмони рохи охани дохилидавлати, азхудкунии канданихои  фоиданоки истифоданашудаи зеризамини ва бо ин васила даъвати мардум ба тарзи хаёти осоишта вокеан имкон дорад мушкилии мавчударо барои суботи минтака ва чахон бартараф созад.

 Дар ин чо  кишвархои миёнрав дар халли проблемахои амнияти Афгонистон бояд сиёсати бегаразонаро пеш баранд, ки идомаи бозихои дуранги имкон дорад тачрибаи талхи Афгонистонро ба сари онхо биоварад. Гузашта аз ин иштироки  давлатхои миёнрав ва сулххохи Афғонистон  дар бозомўзии кадрхо, пеш аз хама  дар сохаи маориф ва тандурусти мисле, ки Точикистон ин амалро  аввалин шуда анчом додаст, ногузир мебошад.

Бо анчоми мулокот дар Кумитаи мазкур Махмадсаид Убайдуллоев зимни зиёфати кори  бо Лорд Хайлтон, Лорд Бовнис, Лорд Ренард, Лорд Килклуне ва парламентархои Палатаи Обшин –Чеймс Никси, Элисон Байле, Черем Корбун ва дигарон сухбатхои мушаххас ва пурмухтаво оид ба муаррифииТочикистони сохибистиклол ва сиёсати пешгирифтаи Президенти он Э. Рахмон дар татбики лоихаву барномахои гидроэнергетикиву коммуникатсионии- анчом дод.

Накшаи сербори вохурихои аз чониби парламентархои Британия барои хайати Точикистон тахия гардида барои 16 ноябр бо мулокотхои Махмадсаид Убайдуллоев бо Гурўҳи парламентӣ оид ба Афғонистон ва Кумита оид ба корҳҳои мудофиаи парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва устодону донишчуёни  Маркази оид ба Осиёи Марказӣ  ва мактаби омўзиши Шарқ ва Африқои Донишгоҳи Лондон фарчом пазируфт.

Пагох Махмадсаид Убайдуллоев бо спикери Палати Обшин љаноби Љон Берков ва муовини вазири корҳои хориљии Британияи Кабир љаноби Сайман Фрейзер дидору мулокот анчом хохад дод.