Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 November 2016

 ҚАРОРИ  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №67-6  аз 21.07  соли 2016

Дар бораи  номивазкунии кӯчаи Александр Матросови шаҳри Душанбе

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Амакӣ, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон»  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Қ А Р О Р    М Е К У Н А Д:

1. Номи кӯчаи  Александр Матросови шаҳри Душанбе ба номи Рустам Амакӣ иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ (Табарзода Ҷ.А.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро бо тартиби муқарраргардида анҷом дода, насби нишонаҳои марбутаро дар биноҳо таъмин созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе  (Сафаров С.) гузошта шавад.

 

            Раиси

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ