Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 November 2016

 Қ А  Р  О  Р  ИМАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №66-6  аз 21.07  соли 2016

Дар бораи  номивазкунии кӯчаи Юлиус Фучики шаҳри Душанбе

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалӣ, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон»  ва  моддаи  19 Қонуни Xумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Xумҳурии Тоҷикистон»  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Қ А Р О Р    М Е К У Н А Д:

1. Номи кӯчаи  Юлиус Фучики шаҳри Душанбе ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ (Табарзода Ҷ.А.) ва Шоҳмансур (Сиёмардзода С.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро бо тартиби муқарраргардида анҷом дода, насби нишонаҳои марбутаро дар биноҳо таъмин созанд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе  (Сафаров С.) гузошта шавад.

              Раиси

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ