Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 December 2016

 Дар бораи беҳдошти вазъи молиявии корхонаю муассисаҳои давлатие, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад

Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти қонунгузории амалкунанда, истифодаи мақсадноки моликияти коммуналӣ ва беҳдошти вазъи молиявии корхонаю муассисаҳои давлатие, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 22 ва 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Роҳбарони корхонаю муассисаҳои давлатие, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, вазифадор карда шаванд, ки:

- ҳар сол барои баҳисобгирӣ ва пешбурди назорати истифодаи мақсадноку самараноки воситаҳои асосии моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе рӯйхати воситаҳои асосии моликияти коммуналии дар тавозундоштаро пешниҳод намоянд;

      - ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, кор ва хизматрасонӣ, баланд бардоштани сифату рақобатнокии онҳо ва дар ин замина ба роҳ мондани фаъолияти самараноки корхонаю муассисаҳои давлатӣ, зиёд намудани даромаднокӣ ва солимгардонии вазъи молиявиашон, нақшаҳои молиявию тиҷоратиро тарҳрезӣ ва дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода, доир ба ҷараёни иҷрои онҳо ҳар семоҳа на дертар аз санаи 7 (ҳафт) моҳи баъди ҳисоботӣ ба Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот пешниҳод намоянд;

      - ҳар сол, на дертар аз санаи 15 январ меъёрҳои тақсими фоидае, ки дар ихтиёри корхонаю муассисаҳои давлатӣ боқӣ мондааст, барои тасдиқ ба муассис пешниҳод намоянд;                                      

      - тибқи меъёри бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №499 аз 2 ноябри соли 2013 «Дар бораи пардохтҳои ғайриандозӣ ба даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки бастаи саҳмияҳои онҳо пурра ба давлат тааллуқ дорад» тасдиқгардида ба буҷети шаҳр қисми фоидаи софи корхонаро барои солҳои 2014 - 2015 пардохт намоянд.

      2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе на дертар аз 10 декабри соли 2016 риояи иҷрои нақшаи молиявӣ ва интизоми молиявиро аз ҷониби корхонаю муассисаҳои давлатие, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, назорат намуда, фаъолияти молиявию иқтисодиашонро дар давоми солҳои 2014 - 2015 мавриди аудити молиявӣ қарор диҳад ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати андози шаҳри Душанбе, бо ҷалби мутахассисони варзида аттестатсияи сармуҳосибони онҳоро гузаронида, аз натиҷааш ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур созад.

      3. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе:

      -  истифодаи мақсадноку самараноки воситаҳои асосии дар тавозуни корхонаҳою муассисаҳои давлатӣ қарордоштаро, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои роҳбарони онҳо дар шаҳри Душанбе курсҳои бозомӯзии оид ба масъалаҳои идоракунӣ, тиҷорат, банақшагирии молиявӣ ва маркетинг ташкил намуда, ҷиҳати дар хориҷи кишвар ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

      4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намояд.

      5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ