Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 November 2010

 

Номгӯи лоиҳа

Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»

Давлат

Тоҷикистон

Бахши фаъолият

Инфраструктураи мунитсипалӣ ва экологӣ

Рақами мушаххаси Лоиха

38901

Манбаъи маблағгузорӣ

Бонки Аврупоии Тачдид  ва Рушд

Намуди Қарордод

Кору  хизматрасонӣ

Намуди огоҳонидан (эълон)

Даъват барои иштирок дар озмуни харид

Санаи пешниҳод

19 ноябри  соли 2010

Мӯҳлати охирин

05 январи соли 2011, соати 10.00 бо вақти Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ХАРИДИ  КОР БАРОИ  БЕҲТАРГАРДОНИИ  БИНО ВА РОҲҲОИ

 ҚИТЪАИ  ПАРТОВГОҲИ ШАҲРӣ

 

Даъвати мазкур барои иштирок дар Озмуни харид дар асоси Огоҳинома оид ба Хариди Умуми барои Лоиҳаи мазкур, ки  8 марти соли 2010  дар веб-сайти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд интишор шудааст, пешниҳод мегардад.

Шаҳри Душанбе (Фармоишгар), минбаъд ҳамчун «Фармоишгар», истифодабарии қисми маблағҳои Қарзӣ ва Грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (Бонк) дар қисмати масрафҳои Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» пешбинӣ намудааст.

Харидор ҷиҳати пешниҳоди лифофаҳои маҳкамкардашуда аз ҷониби довталабон барои озмун ва Қарордоди зерин, ки аз ҳисоби маблағхҳои Қарзӣ ва Гранти амалӣ мегарданд, даъват менамояд:

·        Лоти  4.1: Беҳтаргардонии майдони ҷойгиршавии тарозу калон ҳаҷм ва бинои маъмурӣ барои коргарон (DSWMP- CW-04-01)

·         Лоти  4.2: Соҳтмони роҳ ва обпарто қад-қади роҳ (DSWMP- CW-04-02)

 Номгӯи корҳои иҷрошаванда;

- корҳои заминӣ, хиштчинӣ, корҳои бетонӣ, корҳои андова ва рангкунӣ, таъмирӣ, қубурхобони, шишашабанди, таъмини барқ, системаи радио ва алоқа, корҳо оиди конструксияҳои металли ва чуби, рӯйпушкунони бо сангу шағал ва мӯмфарш намудани роҳ.  

Озмуни харид, ки аз ҳисоби маблағҳои Қарзӣ ва Грантӣ амалӣ мегардад, барои тамоми шахсони ҳуқуқи ва  давлатҳо кушода мебошад.

Барои ноил гардидан ҷихати баррасии пешниҳодҳо, довталабон бояд ба талаботҳои минималии зерин чавобгӯй бошанд:

a) Гардиши солонаи миёнаи маблағҳои довталабон бояд на кам аз 370,000.00  долл. ИМА ва 500,000.00 долл. ИМА  барои Лоти 4.1 ва 4.2 ро ташкил намояд, ки дар асоси пардохтҳои умумии иҷрои Қарордодхо дар се соли охир ҳисоб карда мешавад.

 b) Таҷрибаи кор ҳамчун иҷрокунанда (Подрядчик) на кам аз 3 (се) қарордод дар давоми панч соли охир бо маблаги на кам аз 200,000.00 доллари ИМА ва 320,000.00 доллари ИМА барои Лоти 4.1 ва Лоти 4.2  (ҳар як қарордод), ки бо муваффакият иҷро карда шудаанд.  Талаб карда мешавад, ки таҷрибаи минималӣ  оиди корҳои оҳану бетони – дар ҳаҷми на кам аз  550 м³, хиштчини - дар ҳаҷми на кам аз  150 м³, корҳои замини– дар ҳаҷми на кам аз  24000 м³ ва корҳои асфалткунони - 7000 м³  дошта бошанд.

·        Лот 4.1

Таҷрибаи кории кормандони иштирокчиёни озмун бояд  ба  талаботҳои зерин ҷавобгу бошанд ( таҷрибаи умуми/ тачриба дар гузаронидани корҳои махсус); Менджери Лоиҳа (10сол/5сол),   ҷонишини Менджери Лоиҳа (10сол /5 сол), Прорабҳо – 1 (5сол/3сол),Муҳандисҳо- тайёркунандаи хароҷотномаҳо (Сметчики) -1(5сол/3сол) ва Устоҳо- 2(5сол/3сол).

 с)  Иштирокчиёни озмун бояд дар ихтиёрашон воситаҳои асосии дар ҳолати пурраи корӣ буда дошта бошанд ва тасдиқ намоянд, ки бо истифодаи воситаҳои асоси аз иҷрои ӯҳдадории қабул кардаашон мебароянд. Иштирокчии озмун бояд дар ихтиёраш воситаҳои асоси зерин дошта бошад; - булдозер х 1, экскватор х 1, механизми мустаҳкамкунанда (Уплонитель) х1, дастгоҳи бетонтайёркуни (Бетономешалка) х 1 ва нақлиёти боркашонӣ 5 тонна х 4.

·        Лот 4.2

Таҷрибаи кории кормандони иштирокчиёни озмун бояд  ба  талаботҳои зерин ҷавобгу бошанд ( таҷрибаи умуми/ тачриба дар гузаронидани корҳои махсус); Менджери Лоиҳа (10сол/5 сол),   ҷонишини Менджери Лоиҳа (10сол /5 сола), Прорабҳо – 1 (5сол/3сол),Муҳандисҳо- тайёркунандаи хароҷотномаҳо (Сметчики) -1(5сол/3сол) ва Устоҳо- 2(5сол/3сол).

 д)  Иштирокчиёни озмун бояд дар ихтиёрашон воситаҳои асосии дар ҳолати пурраи корӣ буда дошта бошанд ва тасдиқ намоянд, ки бо истифодаи воситаҳои асоси аз иҷрои ӯҳдадории қабул кардаашон мебароянд. Иштирокчии озмун бояд дар ихтиёраш воситаҳои асоси зерин дошта бошад; - булдозер х 2, экскватор х 2, механизми мустаҳкамкунанда (Уплонитель) х2, дастгоҳи бетонтайёркуни (Бетономешалка) х 1 ва нақлиёти боркашонӣ 5 тонна х 4.

Иҷрокунандаи кор (Пудратчӣ) (ғолибони озмун) бояд ҳаҷми кориро дар мӯҳлати муайянгардида, ки 12 моҳ барои Лоти 4.1 ва 18 моҳ барои Лоти 4.2  ро баъд аз имзои қарордод ташкил медиҳад, ба  итмом расонида ба Фармоишгар  супорад.

 Ҳуҷҷатҳои тендериро аз нишонаи дар поён зикргардида, баъд аз пардохти маблағи ҳаққи иштирок (100 доллари ИМА), ки баргардонида намешаванд  ба суратҳисоби зайл, дастрас намудан мумкин аст:

 

Номгӯй: Ташкилоти масъул

Маркази Татбики Лоихаи Идоракунии партовхои сахти маишии шахри Душанбе (МТЛ)

Раками  ҳисоб :

20206 840 100 000 003 391 USD

Номгӯи бонк:

ҶСК “ТОЧИКСОДИРОТБОНК

МФО

350101216

Нишонии бонк:

734013, к. Беҳзод 47, Душанбе, Тоҷикистон

СВИФТ- код:

TOJITJ22

Бонки Корреспондентӣ:

Commerzbank, Frankfurt, Germany

Ҳисоб

400 88 666 75 00

СВИФТ:

 COBADEFF


Баъди дастрас намудани дурустии пардохти маблағи ҳаққи иштирок дар озмун, ҳуччатҳои озмун ба довталабон расонида мешавад. Ҳамзамон МТЛ барои гум шудан ё дер расонидани ҳуҷҷатҳои озмун масъулият надорад. Дар ҳолати зарурӣ ҳуҷҷатҳои озмун ҳамчунин тавассути почтаи электронӣ низ ирсол карда мешаванд. Дар ҳолати номувофиқ будани пешниҳоди тавассути чопӣ ё электронӣ пешниҳодшуда, варианти пешниҳоди чопӣ дуруст хисобида мешавад.

 Пешниҳодҳои озмунӣ бояд бо кафолати бонкӣ, бо маблағи 6.000 (шаш ҳазор) доллари ИМА барои Лоти 4.1 ва 10,000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА барои Лоти 4.2  пешниҳод карда шавад.

 

Пешниҳодҳои озмун бояд ба суроғаи дар поён зикршуда то 05 январи соли 2011 соати 10.00 (бо вақти маҳаллӣ) пешниход карда шаванд. Пешниходҳо 05 январи соли 2011 соати 10-00 дар ҳузури довталабон, ки хоҳиши иштирок зоҳир намудаанд, кушода мешаванд. 

 Довталабони потенсиалӣ метавонанд маълумоти иловагиро ё ҳамчунин баррасӣ ё дастрас намудани ҳуҷҷатҳои озмунро аз суроғаи дар поён зикршуда пайдо намоянд:

Маркази Татбиқи Лоиҳа

Лоиҳаи Идоракунии партовҳои

 сахти маишии шаҳри Душанбе

к. Н. Қарабоев 48, Душанбе-734018

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992372333536

E-mail: piu_dswmp@mail.ru

english version